Пайвандҳои дастрасӣ

Бурду бохти шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Дастаи мардонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар даври ҳафтуми Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, бар тими Туркия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Фаррух Амонатов ва Ҷамшед Исоев бар рақибонашон ғалаба карданд. Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бошанд, бозиҳоро мусовӣ анҷом доданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 3 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 2 бохт дар байни 149 даста ҷои 53-юмро касб кардааст. Тоҷикистон дар ҳамин ҳол байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз дастаҳои мардонаи Латвия, Литва ва Молдова пеш аст.

Дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври ҳафтум аз тими Испания бо ҳисоби 0,5-3,5 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ шатранҷбози ҷавон Марворид Насриддинзода, ки дар тахтаи аввал бозӣ мекунад, ба дастаи Тоҷикистон ним имтиёз овард. Вале Надежда Антонова, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом аз рақибонашон мағлуб шуданд.

Ба ин тартиб, дастаи занонаи Тоҷикистон баъди 7 бозӣ (3 ғалаба, 1 мусовӣ ва 3 бохт) дар байни 115 даста дар ҷои 60-ум қарор дорад. Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ пеш аз дастаҳои занонаи Молдова ва Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Пас аз ҷамъбасти ҳафт даври мусобиқот дар сабқати мардон дастаҳои Укроин, Русия-1, Маҷористон, Озарбойҷон ва Лаҳистон, дар сабқати занон дастаҳои Русия-1, Гурҷистон, Ҳиндустон, Сербия ва Маҷористон пешсафанд.

Имрӯз, 29-уми сентябр, даври ҳаштуми мусобиқот баргузор мешавад. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Люксембург ва дастаи занонаи кишвар бо тими Туркманистон рақобат мекунанд.

Олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки аз 11 давр иборат аст, то рӯзи 4-уми октябр идома хоҳад кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG