Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди изтирории ҳавопаймои Покистон дар Шветсия ва ...


Пулиси Шветсия мегӯяд, фардеро боздошт карданд, ки гӯё бо худ дар ҳавопаймои Ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Покистон маводи мунфаҷира гирифтааст. Ҳавопаймои Боинг 777-и хати сайри Торонто-Карочӣ, баъди дарёфти иттилоъ дар ин бора аз мақомоти Канада дар шаҳри Стокҳолм фуруд омад. Мақомоти Шветсия як шаҳрванди покистонитабори Канадаро бо иттиҳоми ҳамли маводи мунфаҷира боздошт кардаанд, вале аз чамадонҳои ӯ ва ё дохили ҳавопаймо маводи тарканда наёфтаанд. Ҳавопаймои мазкур 273 сарнишин доштааст.
XS
SM
MD
LG