Муассисаи Томсон Ройтерс, ҳар сол дар остонаи эъломи номи барандагони ҷоизаҳои Нобел, пешбиниҳои худро нашр мекунад ва то кунун ҳади аққал яке аз тахминҳои ин муассисаи таҳқиқотиву хабарӣ, дуруст даромадааст. Дар илми тиб, донишмандоне барандагони эҳтимолӣ хонда шудаанд, ки ҳуҷайраи масъули иштиҳо ё лептин дар инсонро кашф карданд.
Натоиҷи таҳқиқоти “Маъхази дониш”
Дейвид Пендлбюрӣ коршиноси муассисаи Томсон Ройтерс мегӯяд, дар илми кимиё шояд пажӯҳишгароне ҷоизаи Нобелро ба даст оранд, ки тартибсанҷи генҳоро ихтироъ карданд. Дар илми физика номзади эҳтимолӣ донишмандеро медонанд, ки ба фарзияи ӯ мабдои торик ба бузургтар шудани коинот мусоидат мекунад.
Ин пешбиниҳоро Дейвид Пендлбюрӣ, бо истифода аз “Маъхази дониш”-и ин муассиса таҳия кардааст, ки нишон медиҳад, кадом пажӯҳишгар, гузоришҳои таҳқиқотӣ зиёдтар нашр кардааст, то чӣ ҳад пажӯҳишҳои онҳоро зиёд иқтибос кардаанд ва то чӣ ҳад ин пажӯҳишҳо замина барои анҷоми таҳқиқоти дигар шудааст.
Ҳар сол ҳадди аққал яке аз номзадҳои эҳтимолии Томсон Ройтер, барандаи ҷоизаи Нобел эълом шудааст. Дейвид Пенделбюрӣ мегӯяд, онҳое бештар дар ғалбери номзадҳои эҳтимолӣ мемонанд, ки кори намоёнтаре анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ “Донишмандоне ҷоизаи Нобелро ба даст меоранд, ки назар ба як пажӯҳишгари миёна панҷ маротиба бештар гузоришҳои илмӣ нашр мекунанд ва 20 маротиба бештар иқтибос мешаванд.”
Номзадҳо дар бахши тиб
Дейвид Пенделбюрӣ, дар илми тиб се гурӯҳро номзадҳои эҳтимолӣ интихоб кардааст. Гурӯҳи аввал Дуглас Коулман аз Донишгоҳи Ҷаксони Амрико, Ҷефрӣ Фредмен аз Донишгоҳи Ню Йорк, ки лептин, ҳормонеро ошкор карданд, ки ба иштиҳо ва фарбеҳӣ иртибот доранд.
Ҳарду донишманд, барои ҳамин кашфиёташон рӯзи сешанбе ҷоизаи мӯътабар ва молии 250 ҳазор долларии Ласкерро ба даст оварданд. Зимни озмоиш Дуглас Коулман ва Ҷефрӣ Фредмен дарёфтаанд, ки маҳз лептин масъули иштиҳои инсон аст ва дар сурати сер шудан, ба майна паём медиҳад, аммо худи инсонҳо ин эҳсосро нодида гирифта ва беш аз ҳадди зарурӣ ғизо мехӯрдаанд. Бо вуруди ҳормони лептин ба бадани мушҳои озмоишӣ, донишмандон дидаанд, ки вазни ин мушҳо баъд аз замоне камтар шудааст.
Дигар аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ҷоизаи Нобел дар илми тиб, Эрнест Маккалоч донишманди Пажӯҳишгоҳи саратоншиносии Онтарио дар Канада ва Шиня Яманака, пажӯҳишгари Донишгоҳи Киотои Ҷопон будаанд. Ин донишмандон роҳи офаридани ҳуҷайраҳои тағйирпазир аз ҳуҷайраҳои оддиро дар соли 1960 пайдо кардаанд.
Як номзади дигари эҳтимолӣ, Ралф Штейнмен аз Донишгоҳи Рокфеллери Ню Йорк интихоб шудааст, ки дар кашфи ҳуҷайраҳои шохадор дар пӯст, рӯда ва бинии инсон кӯмак кардааст. Ин ҳуҷайраҳои муқовими бемориҳо дар сурати таҳрик, ваксинҳои мухталиф алайҳи бемориҳоро таъсирбахш мекардаанд.
Барандаи бахши физика кӣ хоҳад буд?
Барандагони ҷоизаи Нобел дар илми физика, ки рӯзи 5 октябр эълом мешавад ба тахмини Дейвид Пенделбюрӣ, Сал Перлматтер аз Донишгоҳи Калифорния Берклӣ, Адам Ҳейс аз Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ва Брайн Шмидт аз Донишгоҳи Миллии Австралия будаанд, ки фарзияҳои нави бузургтар шудани коинот ва нақши мабдои сиёҳ дар онро пешниҳод кардаанд.
Чарлз Беннет, аз Оҷонси кайҳоншиносии Амрико, ва Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, Лиман Пейҷ ва Дейвид Шпергел аз Донишгоҳи Принстон ки бо абзори наве ҳаҷму таркиб ва шакли коинотро муаяйн кардаанд, дигар аз номзадҳои эҳтимолӣ барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар илми физика хонда шудаанд.
Аммо дар илми кимиё, Петрик Бровн аз Донишгоҳи Тиббии Калифорнияро ном бурдаанд, ки шеваи нави ташхиси дэ эн ка- ро ихтироъ кард, ки нишон медиҳад, кадом генҳо дар кадом ҳуҷайраҳо фаъоланд.
Стефан Липпар аз Донишгоҳи Технологии Массачусетс номзади дигари эҳтимолист, ки бо истифода аз платиниум таркиби дэ эн ка-ро вайрон кардааст. Ин шева барои офаридани доруҳои лозим ба зидди саратон кӯмак мекунад. Соли 2009 тахмини Дейвид Пенделбюрӣ, коршиноси муассисаи Томсон Ройтерс, доир ба ғолибони эҳтимолии ҷоизаи Нобел дар илми тиб дуруст баромад.