Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазир бо муҳоҷирони корӣ баргузор нашуд


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими вилояти Новосибирски Русия интизор доштанд, ки дар чаҳорчӯби нишасти вазирони маорифи кишварҳои СҲШ бо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон дидору мулоқот кунанд.

Ҷаноби Раҳмонов ба манзури ширкат дар нишасти шӯрои вазирони маорифи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой рӯзҳои 23 ва 24 сентябр дар шаҳри Новосибирск қарор дошт. Дар ин нишаст самтҳои фаъолияти шӯрои вазирони маориф барои ду соли оянда баррасӣ шуд, ки таъсиси Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шонгҳой яке аз барномаҳои аслии он маҳсуб мешавад.

Аммо интизориҳо ва талошҳои муҳоҷирони тоҷики вилояти Новосибирск барои мулоқот бо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон бидуни натиҷа анҷомид. Зеро вазири маориф пас аз ширкат дар нишасти кишварҳои узви СҲШ рӯзи ҷумъаи 24 сентябр шаҳри Новосибирскро ба қасди Душанбе тарк кард.

Бад-ин тартиб муҳоҷирони тоҷики вилояти Новосибирск натавонистанд то бархӯрди ахири вазири маорифи Тоҷикистонро ба чолиш бикашанд. Зеро гуфта мешуд, Абдуҷаббор Раҳмонов занону духтарони ҳиҷобпӯшеро, ки мехостанд дар маросими ифтитоҳи литсеи наве дар шаҳри Душанбе берун карда ва нисбати онҳо бо алфози қабеҳ таҳқирро раво дидааст, ки боиси хашму ғазаби муҳоҷирони кории тоҷики Новосибирск шудааст.

Раҳбари ҷамъияти тоҷикон: «Мо ягон нома нанавиштаем»

Дар вилояти Новосибирски Русия ҳазорон нафар муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд
Аммо иллати баргузор нашудани мулоқоти вазири маориф бо муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Новосибирскро Минҳоҷиддин Каримов, раиси маркази фарҳангии тоҷикони «Сомониён» дар вилояти Новосибирск, аз қабл барномарезӣ нашудани мулоқоти вазир бо муҳоҷирон арзёбӣ кард:

«Ман раҳбарии ду созмони муҳоҷирони тоҷики муқими Новосибирскро бар дӯш дорам. Аммо аз баргузории нишасти вазирони маорифи кишварҳои СҲШ дар Новосибирск то як рӯз пеш аз баргузории он хабар надоштем. Ба ин хотир дар барномаи сафари вазири маорифи Тоҷикистон низ мулоқот бо муҳоҷирон матраҳ нашуда буд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон чунин кореро, яъне як мулоқотеро бо муҳоҷирон барномарезӣ мекарданд, ба манфиати мо ва худи вазир буд».

Аммо ҷаноби Каримов хабари бархе аз расонаҳои интернетӣ дар бораи он, ки созмонҳои муҳоҷирони тоҷики муқими Новосибирск зимни маҳкум кардани амали вазири маорифи Тоҷикистон бо ирсоли номае аз котиботи нишасти СҲШ хостаанд то амалкарди Абдуҷабор Раҳмонов мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор бигирад, рад кард.

Вай гуфт, "воқеан мо муҳоҷирон аз таҳқире, ки вазир нисбати хоҳарону занон дар расми ифтитоҳи мадрасае дар шаҳри Душанбе карданд, нигарон ҳастем. Аммо мо ҳеҷ гуна муроҷиатномае ба ҷое нанавиштаем ва он чӣ дар расонаҳои интернетӣ нашр шуд, аз номи мо рафтааст, вале мо нанавиштаем. Мо, агар хоҳем, метавонем ба раисиҷумҳури Тоҷикистон нома нависем. Аммо дар шароити феълии вазъияти кишвар ҳоло каме таҳаммул дорем. Зеро намехоҳем болои сӯхта намакоб шавад».

Каромат Шарипов: "Нома бе муаллиф аст"

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Аммо ин хабар нахуст дар сомонаи интернетии Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд вазир бояд аз хоҳарону духтарони тоҷик узр пурсад ва ҳатто ба истеъфо биравад. Зеро гуфта мешуд, вазири маорифи Тоҷикистон бо чунин амалаш нисбати хоҳарону духтарони тоҷик таҳқирро раво дида ва муқаррароти Қонуни асосиро нақз кардааст.

Дар ҳоле, ки масъулони созмонҳои муҳоҷирони Новосибирск аз ироаи ҳамчунин муроҷиатномае ба котиботи СҲШ бехабаранд, дар як сӯҳбати телефонӣ аз Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, шарҳи онро пурсон шудем. Ӯ гуфт:

«Он чӣ дар сайти ҷунбиши мо нашр шуд муаллиф надорад ва албатта мо медонем, ки муаллифон аз овардани номашон метарсанд. Болои ин ман бовар дорам, ки ин нома ба котиботи СҲШ нарасидааст. Зеро СҲШ на емейл ва на нишоние надорад. Аммо умедворем, ки нигаронии муҳоҷирони кории тоҷик ба худи вазири маорифи Тоҷикистон расидааст ва вай он чӣ дар муроҷиатнома навишта шуда буд, хондааст. Мо дар сайт нашр кардем, он тарафаш кори хукумат».

Аммо Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, таъкид кард, ки воқеан ин мавзӯъ, яъне эҷоди маҳдудият барои пӯшидани сатр ва ё ҳиҷоб барои хонумону духтарони тоҷик ва ҳамзамон таҳқири онҳо аз сӯи вазири маориф мояи нигаронии муҳоҷирони корӣ шуда ва сӯҳбатҳое низ дар ин замина сурат гирифтааст. Аммо ҷаноби Давлатов бар ин бовар аст, ки ин мавзӯъ бояд аз тариқи муколама ва дар дохили Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад:

«Вазири маорифи нодуруст рафтор кардааст, аммо бо хушунат ҷавоб додан ва дар муқобили суханҳои қабеҳи вазир боз дурушт муносибат кардан амали нек нахоҳад буд. Чун бисёриҳо аз муҳоҷирон занг заданд ва ҳатто аз Новосибирск ҳам, ки мехостанд алайҳи бархӯрди вазири маориф тазоҳурот роҳандозӣ кунанд. Аммо ман гуфтам, ин роҳи ҳал нест ва агар шумо ҷасорат ва мардонагӣ доред ва ватандӯст ҳастед ва қадру қимати модару хоҳар ва духтари тоҷикро мехоҳед, пас биёед, якҷо номае ба раисиҷумҳур ва ҳукумат нависемю Бигзор дар дохили кишвар чора дида шавад, на ин ки дар ин ҷо иғво андозем. Агар хости шумо бароварда нашуд, пас метавонед ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунед. Аммо умедворам ин мавзӯъ ба таври муколама ва аз роҳи осоишта ҳали худро пайдо хоҳад кард».

Баҳси рӯсарӣ дар Тоҷикистон


Ин барои бори аввал аст, ки мавзӯи манъи пӯшиши рӯсарӣ ё ҳиҷоб барои хонумону духтарони тоҷик тавассути муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия матраҳ мешавад, аммо ҳамакнун соли севвум аст, ки ин баҳсҳо дар ҷомеаи дохилии Тоҷикистон ба хусус миёни вазорати маорифи Тоҷикистон ва бархе аз донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва аҳзоби сиёсӣ ҷараён дорад.

Ҳатто муҳокимаи додгоҳӣ байни яке аз донишҷӯдухтарони Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ва вазири маориф дар як соле пеш дар ниҳоят ба нафъи вазорат ҳал шуд.

Мақомоти вазорати маориф низомнома дар бораи истифода аз либоси ягонаи мактабӣ ва донишгоҳиро, ки ду соле пеш аз сӯи ин вазорат ба тасвиб расидааст, заминаи қонунӣ ва далели мантиқӣ дар муқобили пӯшиши ҳаргуна либоси ғайр, аз ҷумла сатр ё ҳиҷоб медонанд.

Дар оғози соли нави таҳсил Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи миллии кишвар аз афзоиши сафи духтарон ва занон, ки ба пӯшидани либоси мазҳабӣ тарҷеҳ медиҳанд, изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, дар хиёбонҳо дидааст, ки аксари духтарон бо либосу пӯшишҳои мазҳабӣ мегарданд.
XS
SM
MD
LG