Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Нархи роҳкиро 30 дарсад афзоиш ёфт


Боло рафтани қиммати роҳкиро барои нақлиётҳои дохилии мусофирбар дар вилояти Суғд аксари мардуми минтақаро нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, гарон шудани қиммати роҳкиро зиндагии онҳоро мушкил мекунад.

Дар моҳи июни соли гузашта нархи роҳкиро дар Хуҷанд 70 дирам муқаррар шуда буд. Вале сар аз рӯзи 18-уми сентябр қиммати роҳкиро 30 дарсад боло рафта, ба 90 дирам расидааст.

Масъулини идораи нақлиёти мусофирбарии Суғд мегӯянд, болоравии қиммати сӯзишворӣ боиси боло рафтани қиммати роҳкиро шудааст. Абдуҷалил Бобоев, муовини директори генералии идораи нақлиёти Суғд, гуфт:

«Болоравии нархи сӯзишворӣ ва ҳам мушкил шудани таъминоти гази табиӣ ва моеъ ба зиёдшавии нархи роҳкиро оварда расонд. Болоравии нархи роҳкиро дар асоси фармони вазорати нақлиёт ва комуникатсияи кишвар ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ ҷорӣ шудааст».

Салоҳиддин Эшбоев, як масъули шӯъбаи зиддиинҳисорӣ дар вилояти Суғд, мегӯяд, зиёд шудани хароҷоти истеҳсолӣ ва гаронии пардохтҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт, вазорати нақлиёти кишварро водор кардааст, то нархномаи навро дар ҳамаи хатсайрҳои вилоят ҷорӣ кунад:

«Дар моҳи феврали соли ҷорӣ нархи роҳкиро дар ҳамаи нақлиёти мусофирбарии вилоят зиёд карда шуда буд, вале аз сабаби мувофиқа нашудан ба хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷоришавии нархномаи нави роҳкиро барои микроавтобусҳои вилояти бекор карда шуда буд. Аммо ин навбат таруфаҳои нави вазорати нақлиёт бо мувофиқа ба хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифта, бар асоси гароншавии нархи сӯзишворӣ, тағйир ёфтани музди меҳнат ва баланд шудани тартиби андозбандӣ боло бурда шудааст».


Нигаронии мардум

Аммо аксари сокинони вилояти Суғд мегӯянд, гарон шудани қиммати роҳкиро мушкилоти онҳоро бештар кардааст. Нарзибек Боев, як сокинони ноҳияи Ашт, мегӯяд: «Кор нест, нархҳо ҳама дар бозор гарон аст. Бо вуҷуди ин нархи роҳкироро боло бурданд. Барои як рафтуомад 20 сомон мегиранд».

Бароат Кеҷаева, аз ҳамсӯҳбатони дигари мо аз ноҳияи Истаравшан, мегӯяд, боло бурдани қиммати роҳкиро, бештар онҳоеро нигарон кардааст, ки дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд:

«Мардум аз боло рафтани нархи роҳкиро мушкилӣ мекашанд. Хонаводаҳои камбизоат дар ҷойҳои мо бисёранд, ки ҳатто барои хариди сару либоси фарзандонашон шароит надоранд. Боло рафтани нарх боз мушкили онҳоро бадтар мекунад».

Рухсатулло, як ҷавон аз ноҳияи Ғончӣ, бо изҳори таасуф, гуфт, ки бештари оилаҳо дар навоҳии дурдасти минтақа бо мушкили фақрӯ нодорӣ ба сар бурда, умдатан мушкили пардохти харҷи роҳ барои сафар дар ин ё он гӯшаи кишварро надоранд. Вай мегӯяд, мутаасифона, дар баланд бардоштани нархи роҳкиро омили шароити зиндагии мардум аз сӯи масъулин ба назар гирифта нашуда, ин ҳол бисёрҳоро ба изтироб овардааст:

«Роҳкирои самти Калининобод- Ғончӣ- Хуҷанд ва Хуҷанд – Ғончӣ 18 сомонӣ буд, ҳоло ба 22 сомонӣ шудааст. Бисёре аз донишҷӯён имкон надоранд, ки дар чунин шароит ҳеҷ не дар як моҳ як маротиба ба дидорбинии волидонашон раванд».

Аммо аз ҳама бештар сокинони шаҳри Хуҷанд норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, масъалаи танзими нархномаи ҳаракати мусофирбарҳо ниёз ба таҷдиди назар дорад.
XS
SM
MD
LG