Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Дилшод Шарифӣ дар ИМА


Дилшод Шарифӣ, теннисбози тоҷик, ғолиби давраи аввали сабқати интихобии Большой шлем ё Тоскулоҳи бузург «Аustralian Open» гардид.

Мусобиқаи минтақавӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд. Дилшод нахуст бар Бенҷамин Левии амрикоӣ бо ҳисоби
6-0, 6-0 пирӯз гашт. Баъдан ӯ дар бозии ниманиҳоӣ бар теннисбози Сербия Милош Копривич бо ҳисоби 4-6, 6-1, 6-1 ғолиб омад.

Теннисбози ҷавони тоҷик дар бозии ниҳоӣ намояндаи дигари Амрико Рафал Кучарскиро бо ҳзисоби 6-4, 6-0 шикаст дод.

Дилшод Шарифӣ дар давраи дигари сабқати интихобӣ, ки моҳи октябр баргузор мешавад, барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии «Аustralian Open» талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG