Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот


Дар Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, Тоҷикистонро 10 шатранҷбоз намояндагӣ мекунад.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар бозии аввал аз тими Белгия бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Фаррух Амонатов бар рақибаш Барт Мичиелс ғалаба кард. Соҳиб Ҷӯраев бозиро бо Зибаут Ванденбусче мусовӣ анҷом дод. Вале Анвар Назаров ва Ҷамшед Исоев аз рақибонашон мағлуб шуданд.

Бозии дуввуми дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Тайланд бо натиҷаи мусовии 2:2 ба охир расид. Фаррух Амонатов ва Ҷамшед Исоев бар рақибони худ пирӯз шуданд. Вале Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бозиҳоро бой доданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон дар ду бозӣ аз тими Озарбойҷон бо ҳисоби 0,5:3,5 ва аз тими Барбадос бо ҳисоби 1,5:2,5 мағлуб шуд. Дар бозии аввал Надежда Антонова бозиро мусовӣ кард, вале Марворид Насриддинзода, Лидия Антонова ва Асила Мӯҳтоҷзода шикаст хӯрданд. Дар бозии дуввум Надежда Антонова ғолиб шуд ва Марворид Насриддинзода бозиашро мусовӣ кард. Лидия Антонова ва
Асила Мӯҳтоҷзода боз ноком шуданд.

Олимпиадаи ҷаҳонӣ бо ширкати 146 дастаи мардона ва 114 тими занона аз 151 кишвар дар 11 давр то рӯзи 4-уми октябр идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG