Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии вазнабардори тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ


Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Низом Сангов намояндагӣ кард.

Бобохон Сангов, дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Низом, ки барои бори дуввум дар сабқати ҷаҳонӣ дар вазни то 62 килограмм ширкат варзид, дар дуҳарба 240 килограмм (110 кг дар як зарб + 130 кг дар ду зарб) вазн бардошта, дар ҷои 29-ум қарор гирифт. Вай панҷ сол муқаддам дар сабқати ҷаҳонӣ ҷои 12-умро соҳиб шуда буд ва ин дафъа мақсад дошт, ки дар байни 10 нафар беҳтаринҳо ҷойгир шавад. Вале Низом нисбат ба имконияти худ 10 килограмм камтар вазн бардошт».

Дар вазни то 62 килограмм варзишгари Куриёи Шимолӣ Ун Гук Ким, ки нисбат ба вазнабардори тоҷик 80 кг зиёд вазн бардошт, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Мусобиқоти ҷаҳонии вазнабардорӣ дар Туркия байни мардон дар 8 вазн ва миёни занон дар 7 вазн то рӯзи 27-уми сентябр идома хоҳад кард.

Сабқати мардон. Вазни то 62 кг. 1. Ун Гук Ким (Кореяи Шимолӣ) - 320 кг (147 кг + 173 кг). 2. Чжан Тзи (Чин) – 315 (141+174). 3. Эрол Билгин (Туркия) – 314 (143+171).
XS
SM
MD
LG