Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрообод: Бурузи бемории сӯхтанӣ


Пизишкон аз сирояти 5 тан сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба бемории хавфноки сӯхтанӣ ё ба истилоҳи маъмул «сибирская язва» хабар медиҳанд.

Дар паи забҳ ва истеъмоли як гови хонагӣ, ки гуфта мешавад, бемории сухтанӣ доштааст, феълан 23 сокини ин деҳа дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ гаштааст. Барот Алимадов, пизишки вогиршинос дар ин ноҳия мегӯяд, сироятӣ 5 нафар дақиқ шудааст, вале боқӣ ҳамчун гумонбаранд ва вазъашон хуб аст. Ӯ мегӯяд, сокинон аз ин беморӣ фавран ба пизишкон хабар додаанд, вагарна бо гузашти се рӯз дигар имкони табобат боқӣ намемонд.

Аммо ӯ мегӯяд: «Фавран пас аз огоҳӣ мо хона ба хона гашта, дар куҷое, ки гушт фурухта буданд ва одамон онро истеъмол карда буданд, ташхис гузаронидем. Пусту калаву ҷои кушта шудани говро ёфта, онҳоро дар чуқурии замин сӯзонидем. Хулоса тамоми нишонаҳои он говро ҷамъ карда сӯзонидем.»

«Намедонистам, ки гов сӯхтанӣ дорад»

Акбархон Давлатов, яке аз беморон, мегӯяд, ҳеҷ намедонист, гове, ки ӯ забҳ мекунад, беморӣ дорад
Акбархон Давлатов, як гирифтори ин беморӣ мегӯяд, ҳеҷ намедонист, ки гове, ки ӯ забҳ мекунад, чунин беморӣ дорад. Ӯ мегӯяд: «Ҳамсоя даъват кард, ки гови ӯ бемор шудааст ва ӯро бикушед. Чӣ медонистам, ки чуни наст. Бади чанд соати куштани гов табам кард ва дастонам сӯхтан гирифт, пагоҳаш ба духтур муроҷиат кардем, ки гуфтан «сибирская язва» шудаӣ.»

«Саричашма макони сӯхтаниву таби хунин»

Бахтовар Собиров, пизишки сироятшиноси беморхонаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, таи чанд соли ахир бемории таби хунин, сӯхтанӣ ва брутселёз дар ҳудуди ин ҷамоат ба қайд гирифта шудааст. Ӯ инчунин афзуд: «Аз 4 номгӯи бемориҳои сироятии хатарнок се намудаш дар бадани сокинони Саричашма солҳои гузашта ба қайд гирифта шудааст. Фақат халерия дар мо сабт нашудааст. Илтимос агар тавонед, ёрдам кунед, вагарна дигар ғамамон надиҳед.»

Бозори маҳаллӣ оддитарин талабот надорад

Барот Алимадов, пизишки беморхонаи ҷамоати Саричашмаи Шӯрообод
Дар ҳоле, ки пизишкон аз вуҷуди манзили чунин бемориҳо дар ин мавзеъ хабар медиҳанд, бозори маҳаллии ҷамоати Саричашма ба оддитарин талаботи тозагӣ ҷавобгӯ нест, ки ба гуфтаи коршиносон он метавонад, боиси афзоиши чунин бемориҳо миёни сокинон гардад. Ин бозор, ки барои мардуми беш аз 20 деҳаи гирду атроф фаъолият мекунад, макони хоса ва тоза барои забҳи чорпоён надорад. Ҷонаҳмад Раҳимов, як сокини ин ҷамоат мегӯяд, онҳо мушоҳида мекунанд, ки қассобон дар макони берун аз талабот ва бидуни санҷиш ҳайвонотро забҳ намуда, гушташро ба муштариён савдо мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шариф Зардов, мудири таҳлилгоҳи бозори Саричашма мегӯяд, таи 8 моҳи соли равон ҳангоми санҷиш гушти ҳайвоноти беморро дар ин бозор кашф ва аз фурӯш боздоштааст. Ӯ гуфт: «Ҳафт сар чорвои беморро гушташро аз савдо боздоштем. Бемории онҳоро бе ташхис бо чашм низ муайян кардан мумкин буд.»

Бемории сӯхтани ё худ «сибирский язва» аз бемориҳои сироятии хатарнокест, ки аз замони гирифтор шудан инсонро давоми се то панҷ рӯз ба ҳалокат мерасонад. Аммо пизишкон дар ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, аз гирифтор шудани сокинон ба ин беморӣ сари вақт огаҳ шудаанд ва ҳоло вазъи беморон ва гумонбарон хуб аст.
XS
SM
MD
LG