Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба варзишгарони ҷавони тоҷик Баҳодур Қодиров, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи наврасон дар риштаи гуштии озод, ба маблағи 5000 доллари амрикоӣ, ба Шукрона Шарифова, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Сингапур дар навъи таэквон-до, ба малағи 3000 доллар, ба мураббиёни онҳо Абдурозиқ Олимов ва Ҷамшед Абдуҷабборов ба маблағи 1000-долларӣ сертификат супурд.
Ҳамчунин ҷоизадорони Олимпиадаи наврасон бо тӯҳфаҳои сарпарастон мукофотонида шуданд.
Сипас бо 15 нафар номзадҳо ба аъзои дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон-2012 шартнома баста шуд, ки инҳоянд: Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Юсуф Абдусаломов, Фарҳод Анақулов ва Баҳодур Қодиров (гуштии озод), Мурод Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ), Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Шералӣ Бозоров (дзю-до), Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов (бокс), Алишер Гулов (таэквон-до), Сергей Бабиков (тирандозӣ), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ).