Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи тирандозии Ҷоми Иттиҳод дар Душанбе


16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Клуби ҷумҳуриявии варзишии тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон маросими кушоиши мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Генерал-лейтенант Саиданвар Камолов, раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханрониаш дар ин маросим гуфт, ин мусобиқа бар асоси нақшаи чорабиниҳои варзишӣ, ки дар анҷумани панҷуми Шӯрои Марказии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ шудааст, барпо мегардад ва дар он ҳудуди 50 варзишгар аз Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар тирандозӣ аз милтиқ ва таппончаи пневматикӣ ба масофаҳои 10 ва 50 метр то рӯзи 20-уми сентябр қувваозмоӣ мекунанд.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин тирандозон, ба мисли Сергей Бабиков, Олег Ғаниев, Георгий Багдасаров, Зарина Бабикова, Ҷамила Мамадова ва Татяна Набиева дохиланд.

Дар маросими кушоиши мусобиқа, инчунин, сафирҳои кишварҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа дар Тоҷикистон, раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгарону мураббиёнро бо оғози қувваозмоиҳо табрик карда, ба онҳо муваффақиятҳо орзу намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин мусобиқа панҷ сол муқаддам дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG