Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 3 зина боло шуд - 145


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол), ки 15-уми сентябр нашр шудааст, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 3 зина боло шуд ва бо 108 имтиёз дар ҷои 145-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 9 зина поин шуд (ҷои 125-ум).

Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 26-ум (24-ум буд) Укроин. 42 (52) Литва. 55 (78) Беларус.68 (49) Латвия. 80 (89) Молдова. 85 (94) Эстония. 89 (110) Гурҷистон. 97 (88) Узбакистон. 102 (105) Озарбойҷон. 105 (96) Арманистон. 126 (125) Қазоқистон. 129 (133) Туркманистон. 145 (148) Тоҷикистон. 159 (163) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони ҷаҳон, дар феҳристи навини FIFA бо 1824 имтиёз мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, бо 1663 имтиёз дар ҷои дуввум ва Олмон, барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ, бо 1490 имтиёз дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразил, Аргентина, Инглистон, Уругвай, Португол, Миср ва Чили ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 мунтахаби кишварҳои Осиё дар ҷои 27-ум қарор дорад. Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА: 1. Австралия (дар ҷаҳон – 24-ум). 2.Ҷопон (30). 3.Кореяи Ҷанубӣ (44). 4. Эрон (57). 5. Арабистони Саудӣ (73). 6. Баҳрайн (75). 7. Чин (82). 8. Аморати Муттаҳидаи Араб (90). 9. Уммон (92). 10. Сурия (94).

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Феҳристи навбатии FIFA 20-уми октябри соли 2010 нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG