Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия - ғолиби мусобиқоти ҷаҳонии гуштии варзишӣ


Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва гуштии занона) дар шаҳри Маскави Русия 13-уми сентябр ба анҷом расид. Дар ҳисоби умумидастаӣ русиягиҳо ғолиб шуданд. Онҳо ҳамагӣ 16 медал – панҷ тилло, се нуқра ва ҳашт биринҷӣ ба даст оварданд.

Дастаи Ҷопон (3-2-3) ҷои дуввум, Булғористон (3-0-0) ҷои саввум, Озарбойҷон ҷои чаҳорум (2-2-3) ва Эрон (2-1-1) ҷои панҷумро касб карданд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо русиягиҳо (16) аз ҷопониҳо (8) ва озарбойҷониҳо (7) пеш гузаштанд.

Дар навъҳои олимпӣ се ҷои аввалро дастаҳои мунтахаби Русия (5-3-7), Ҷопон (3-1-2) ва Булғористон (3-0-0) аз худ карданд.

Вале, мутаассифона, гуштигирони Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот байни мардон

Гуштии озод:
Вазни то 55 кг.
1. Виктор Лебедев (Русия). 2. Тохрул Аскаров (Озарбойҷон). 3. Франк Чамизо Маркес (Куба) ва Ясухиро Инаба (Ҷопон).
Вазни то 60 кг. 1. Бесик Кудухов (Русия). 2. Василий Федоришин (Украина). 3. Сайёд Мурод Муҳаммадӣ (Эрон) ва Зелимхон Ҳусейнов (Озарбойҷон).
Вазни то 66 кг. 1. Сушил Кумар (Ҳиндустон). 2. Алан Гогаев (Русия). 3. Ҷабраил Ҳусейнов (Озарбойҷон) ва Ҷеандри Гарзон Кабаллеро (Куба).
Вазни то 74 кг. 1. Денис Саргуш (Русия). 2. Содиқ Сайёд Гударсӣ (Эрон). 3. Абдулҳаким Шафиев (Қазоқистон) ва Габор Хатош (Венгрия).
Вазни то 84 кг. 1. Михаил Ганев (Булғористон). 2. Заурбек Сохиев (Ӯзбекистон). 3. Сослан Кутсоев (Русия) ва Рейнерис Салас Перес (Куба).
Вазни то 96 кг. 1. Хетаг Газюмов (Озарбойҷон). 2. Ҳоҷимурод Гатсалов (Русия). 3. Алексей Крупняков (Қирғизистон) ва Георгий Гогшелидзе (Гурҷистон).
Вазни то 120 кг. 1. Билол Махов (Русия). 2. Артур Таймазов (Ӯзбекистон). 3. Леван Берианидзе (Гурҷистон) ва Иоаннис Арзуманидис (Юнон).

Гуштии юнониву румӣ
Вазни то 55 кг.
1. Ҳамид Сориян (Эрон). 2. Кю Ҷин Чой (Кореяи Ҷанубӣ). 3. Назир Манкиев (Русия) ва Роман Амоян (Арманистон).
Вазни то 60 кг. 1. Ҳасан Алиев (Озарбойҷон). 2. Рютаро Матсумото (Ҷопон). 3. Алмат Кеписбоев (Қазоқистон) ва Ҷи Хюн Ҷун (Кореяи Ҷанубӣ).
Вазни то 66 кг. 1. Амбако Вачадзе (Русия). Армен Варданян (Украина). 3. Виталий Раҳимов (Озарбойҷон) ва Васиф Арзиманов (Туркия).
Вазни то 74 кг. 1. Селчук Себи (Туркия). 2. Арсен Ҷуолфалакян (Арманистон). 3. Эмил Шарофиддинов (Русия) ва Дониёр Кобонов (Қирғизистон).
Вазни то 84 кг. 1. Христо Маринов (Булғористон). 2. Пабло Шори Эрнандес (Куба). 3. Алексей Мишин (Русия) ва Ненад Зугай (Хорватия).
Вазни то 96 кг. 1. Амир Азиз Алиакбарӣ (Эрон). 2. Тимофей Дзиниченко (Белорус). 3. Асланбек Хуштов (Русия) ва Ҷимми Лидберг (Шветсия).
Вазни то 120 кг. 1. Михан Лопез (Куба). 2. Юрий Патрикеев (Арманистон). 3. Риза Каялп (Туркия) ва Нурмахон Тиналиев (Қазоқистон).
XS
SM
MD
LG