Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи ширкатҳои Эрон дар Хуҷанд


Дар намоишгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд беш аз 30 ширкати эронӣ таҷҳизоту техникаи кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар маросими кушоиши намоишгоҳ гуфта шуд, ки баргузории он гоми наве дар таҳкими равобити иқтисодиву фарҳангӣ миёни ду кишвари ҳамзабон хоҳад буд. Муҳаммад Баёнӣ, муовини сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфт: «Ҷумҳурии исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити фарҳангиву таърихӣ дорад. Мо ҳамчунин талош мекунем, ки дар заминаи иқтисодӣ низ ҳамкориҳоро густариш бидиҳем ».

Намоишгоҳи тавлидоти ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар Хуҷанд рӯзи 12 сентбяр шурӯъ шуд ва қарор аст, ки чаҳор рӯз идома кунад.

Мастура Комилова, сардори раёсати рушди иқтисод ва тиҷорати ҳукумати Суғд, мегӯяд, ки баргузории ин намоишгоҳ метавонад ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад:

«Таърихи чандҳазорсола, моро водор менамояд, ки муносиботи ҳамдигарро ба роҳ монем ва онро рушд диҳем. Муносибатҳои солҳои ахир исбот мекунад, ки ҳарду кишвар дар ин ҷода собитқадаманд ва самараҳои нек дар ин равобит ба даст меояд».

ШИКВАИ СОҲИБКОРОН ВА ФАЗОИ НОМУСОИД

Намоишгоҳ дар ҳоле баргузор мешавад, ки бахши аъзами соҳибкорони маҳаллӣ аз фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар шиква мекунанд. Фаррух Егамов, як соҳибкори маҳаллӣ, мегӯяд, мушкилоти соҳибкорӣ сабаби барҳам хӯрдани фаъолияти онҳо шудааст. Ба гуфтаи Фаррух, ду сол пеш ӯву бародаронаш машғули кори фермерӣ буданд, аммо назорати пайвастаи мақомот ва талаби пардохтҳои иловагӣ онҳоро муфлис кардааст:

«Ба ғайр аз пардохти андоз пардохтҳои иоловагӣ зиёд шуданд, масалан кормандони ҳукумат бо мактуби расмӣ ба мо муроҷиат карда мегуфтанд, ки барои ободии ин ё он гӯша пардохт намоем. Агар ҳама муқарраротҳои изофиро иҷро намекардем дигар муаммоҳоро ба сари мо бор мекарданд, баҳонаҳои зиёд меҷустанд, хулоса фаъолиятамонро қатъ кардем».


Аксари соҳибкорони суғдӣ фазои номусоиди қарздиҳӣ ва фоизи хеле бузурги бонкӣ, ришвату фасод дар сохторҳои назоратиро аз саддҳои аслӣ дар роҳи рушди соҳибкорӣ мехонанд.

НАТОИҶИ НАМОИШГОҲИ ҚАБЛӢ

Зимнан бори дуввум аст, ки дар Хуҷанд ин гуна намоишгоҳи ширкатҳои маъруфи Эронӣ баргузор мешавад. Бори аввал моҳи апрели соли ҷорӣ дар поёни намоишгоҳ миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар чанд қарордод имзо шуда буд. Бар тибқи ин намоишгоҳ, ширкатҳои «Суруш», «Соринет» ва «Шаҳсаванд», ки воридкунандаи равған ва маводи дигари ниёзи авваланд, намояндагиҳои худро дар вилояти Суғд ифтитоҳ карданд.

Аммо набуди техникаву тракторҳои муосири хоҷагии қишлоқ, бахши кишоварзии вилояти Суғдро заиф кардааст. Дар намоишгоҳи мазкур низ намоиши техникаву тракторҳои лозим ба соҳа камтар ба мушоҳида мерасид.

Масъулини намоишгоҳ мегӯянд, ки вуруди чунин техникаҳо сангин аст ва ба ин далел онҳо танҳо намунаҳои техникаҳоро ба намоиш гузоштаанд. Дар сурати баста шудани шартнома бо соҳибкорони маҳаллӣ, чунин техникаҳо аз ҷониби ширкатҳо ворид карда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG