Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: 100 нафар дар интизори марг


Беш аз сад нафар гирифторони бемории сил дар минтақаи Кӯлоб рӯзҳои вопасини зиндагиашонро ба сар мебаранд. Пизишкон мегӯянд, ин афрод ба навъи сили муқовим ба дору гирифтор шудаанд ва дигар умеде ба саломати дубораи онҳо боқӣ намондааст. Раҳматулло Ҷумъаев, директории маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, инҳо нафароне мебошанд, ки аз бемории худ ба пизишкон дер хабар додаанд.

Ҷаноби Ҷумъаев гуфт сарнавишти ин беморон дар дасти худи онхо буд. Аммо онҳо беаҳамиятӣ карданд ва сари вақт дар бемористон бистарӣ нашудаанд: «Дер бистарӣ шудаанд ва бархеи дигар то омадан ба назди мо дар назди табибони умумӣ, яъне на силшинос табобат мегиранд. Бо сабабҳои номаълум ва баъзан вақт бинобар дер муайян шудани ташхис, ҳолати бемор вазнин мешавад. Он вақт микробактерияи сил ба шакли устуворгашта ё худ мутобиқгашта табдил меёбад ва ба бемор дорӯ ҳеҷ фоида намекунад. Дар ин вақт дигар мо ва умуман тиб аз табобат оҷиз мемонад».

Ҳушдор: Сил табобатшаванда аст, аммо…

Пизишкон мӯътақиданд, ки гуфтани теъдоди чунин маризон ҳушдор ба онҳоест, ки бояд дар зудтарин фурсат аз бемории худ ба пизишкон хабар диҳанд, то табобати онҳо осон ба даст биояд. Аҳмадхон Олимов, як пизишки силшинос мегӯяд, дар сурати муроҷиати саривақтии гирифторони бемории сил ва риояи қоидаҳои табобат имкони шифо ёфтани онҳо вуҷуд дорад.

Аммо ба гуфтаи ӯ, аксаран дар ҷомеаи мо гирифторони ин беморӣ худро пинҳон медоранд, ки ин ба оқибатҳои нохуб оварда мерасонад.

Ба қавли ӯ, худро пинҳон кардани беморони сил дар паи муносибати нохуби аҳли ҷомеа ба вуҷуд омдааст. Вай афзуд: «Мо бояд миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро хуб кунем. Бояд бигӯем, ки аз пинҳон кардан ҳеҷ манфиат намебинем. Бояд худро зуд ошкор кунем ва ин бемориро табобат намоем. Мафкураи мардумро дар ин маврид бо ҳамкории мутахассисон дигар кардан даркор. Мардум бояд бифаҳманд, ки сил табобатшаванда аст, аммо агар сари вақт ба пизишкон муроҷиат кунем».

Бемор: айби худам шуд

Як тан аз гирифторони шакли мутобиқгаштаи бемории сил, ки аз гуфтани номаш худдорӣ мекунем, мегӯяд, бо иштибоҳи худ ба чунин ҳол афтодааст. Вай мегӯяд, дар Русия бемор шуда, ба ҷои муроҷиъат ба пизишкон ба худтабобаткунӣ машғул гаштааст.

Худойназар аз сил табобат ёфтааст.
Ӯ мегӯяд, «Дар вагон хоб будем, ягон шароит набуд. Бемор шудам ва маслихат додан, ки руғану дигар чизҳо хӯрам нағз мешавам. Аммо соз нашудам. Як саҳар хун партофтам ва дигар қувват накардам ва билет гирифта Тоҷикистон равонам карданд».

Бо ин вуҷуд, ин бемор умед дорад, ки шифо хоҳад ёфт.

«Ман дигар сил нестам»

Аммо дар ҳамин ҳол пизишкон ба мо нафаронеро нишон доданд, ки пас аз табобати шашмоҳа ҳолашон беҳ шудааст. Худойнзар, як бемори дигар мегӯяд, феълан ҳолаш хуб шудааст ва сад дар сад бовар дорад, ки дигар аз бемории сил раҳо ёфтааст.

Ӯ афзуд: «Табам мекард ва сулфа мезадам, рӯзҳои аввали табобат. Ҳоло сад бор шукри Худо ҳолам хуб шудааст».

Сил фарогиртар мешавад

Даҳ сол қабл пизишкон аз мавриди гирифтории сокинони чанд деҳа дар ноҳияи Восеъ хабар медоданд. Феълан аз гирифтории теъдоде аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, Темурмалик, Мӯъминобод ва Шӯрообод низ иттилоъ дода мешавад. Тибқи иттилои расмӣ наздики 2 ҳазор нафар дар минтақаи Кӯлоб мубтало ба бемории сил гаштаанд.

Ба қавли мутахассисон агар як бемории сил худро табобат накунанд, имкони сирояти то 15 нафар дар як солро дорад. Хатарноктарин ин навъи бемори шакли муқовимгаштаи он ба дору аст, ки соле то 20-30 нафарро ба ҳалокат мерасонад.

Соле пеш дар ноҳияи Ваҳдат як маркази фарогириии беморони шакли мутобиқгашта таъсис ёфта буд ва масъулин мегӯянд, эҳтимол чунин марказ дар минтақаи Кӯлоб низ боз шавад. Аммо ба қавли пизишкони маҳаллӣ ҳамаи афроди ба шакли мутобиқгашта ё худ устуворгаштаи сил барои сироят накардан ба дигарон дар беморхонаҳои сил ва дигар маконҳои бехатар таҳти назорати ҷиддии пизишкон қарор доранд.

Ва онҳо танҳо дар интизори марганд

Мизони табобат нашудани беморони сил афзоиш ёфтааст.

Таи 8 моҳи ахир дар беморхонаи сили минтақаи Кӯлоб беш аз сад нафар беморе бистарӣ шудааст, ки табобаташон ба гуфтаи пизишкон дигар имкон надорад. Инҳо ба гуфтаи пизишкон ба сили навъи мутобиқгашта гирифтор шудаанд. Бехабар аз ин дар интизори марг нишастаанд.
XS
SM
MD
LG