Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як медали Дилшод Назаров


Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти Ҷоми қораҳо оид ба варзиши сабук дар шаҳри Сплити Хорватия медали нуқра ба даст овард.

Дилшод Назаров, ки дар ин мусобиқот минтақаи Осиёву Уқёнуси Оромро намояндагӣ кард, гурзро ба масофаи 78 метру 76 сантиметр ҳаво дод.

Либор Чафрейтаг, аз Словакия, бо натиҷаи 79 метру 69 сантиметр ғолиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаи Аврупо мақоми аввалро касб кард. Амрикоиҳо дуввум ва африқоиҳо севум шуданд.
XS
SM
MD
LG