Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муддаиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои истироҳат, 4-ум ва 5-уми сентябр, бозиҳои даври 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Муддаиёни унвони қаҳрамонӣ - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода пирӯзӣ ба даст оварданд

Дастаи «Истиқлол» дар майдони худ тими "Хуҷанд"-и Хуҷандро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ, тими ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 3-1 мағлуб кард. Се голи меҳмононро Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов ва як голи мизбононро Раҳматулло Фузайлов заданд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа аз тими «Вахш» бо ҳисоби бузурги 0-4 шикаст хӯрд. Аҳтам Ҳамроқулов ва Рустам Усмонов дуголӣ ба самар расонданд.

Дастаи «Энергетик»-и Душанбе ба дарвозаи тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров чаҳор голи беҷавоб зад.

Дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин «Истиқлол» бо 49 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 48 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 33 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

19

15

4

0

42-9

49

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

20

15

3

2

58-12

48

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

19

10

3

6

32-23

33

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

19

9

5

5

24-19

32

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

20

7

6

7

22-30

27

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

20

5

5

10

26-37

20

7.

«Энергетик» (Душанбе)

19

5

3

11

23-32

18

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

20

4

3

13

21-41

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

20

1

2

17

14-59

5


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10.

Даври 23-юм
9 сентябр (панҷшанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»
11 сентябр (шанбе)
«Хайр» - «Равшан»

12 сентябр (якшанбе)
«Вахш» - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Энергетик»

Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои аввали 1/2 финалӣ

9 сентябр (панҷшанбе)

"Хуҷанд" - "Рангонгаз"

12 сентябр (якшанбе)
"Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ"
XS
SM
MD
LG