Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Миллат"-и панҷсола


Якуми сентябр нашрияи «Миллат», аз ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон, панҷсола шуд. Дар ин робита бо ширкати аҳли заҳмати рӯзнома, журналистони тоҷик, афроди саршиноси миллат, хонандагон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳамоише барпо шуд.

Миллат нашрияе буд, ки пас аз баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ - «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» ба саҳнаи матуботи тоҷик ворид шуд. Ва оё ин нашрия он кореро низ бояд идома медод, ки нашрияҳои басташуда оғоз карда буданд ва ё ҳадафи дигаре дошт?

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Миллат», мегӯяд, ҳадафи аслӣ пешниҳоди иттилои алтернативӣ аз ҷараёни ҳодисаҳои рӯз ва таъсиси минбари баробар барои ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ аст. Аммо «Миллат» ба ин ҳадаф расид?

"Миллат" панҷсола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
XS
SM
MD
LG