Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи кунунии Ҷоми Тоҷикистон, дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби 3-3 хотима ёфта буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ «Истиқлол» ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар шаҳри Ваҳдат бо дастаи «Хайр» қувваозмоӣ кард. Бозии ҷавобӣ бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид. Дар бозии аввал дастаи «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуда буд, бинобар ин «Регар-ТадАЗ» ба нимфинал баромад.
Дар бозии дигар, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи мизбон - «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби бузурги 6-0 ғалаба кард. Як ҳафта пеш «Хуҷанд» дар бозии аввал дар майдони худ ба дарвозаи «Ҳулбук» се голи беҷавоб зада буд. Хуҷандиҳо ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Ниҳоят, бозии охирини ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни ду дастаи лигаи аввал – «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ ва «Шодмон»-и Ҳисор баргузор шуд. Дастаи мизбон - «Рангонгаз» бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад. Бозии аввали ин дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1-1 ба анҷом расида буд. «Рангонгаз» муборизаро барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ идома хоҳад дод.
Ба ин тартиб дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо «Рангонгаз» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ 8-9 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 15-16 сентябр баргузор хоҳанд шуд.