Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мураббиёну варзишгарони ҷавони тоҷик бо хабарнигорон


Бегоҳи 31-уми август, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти мураббиёну варзишгарони тоҷик, ки аз нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ва мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни навҷавонону собиқадорон дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск бо медалҳо баргаштаанд, бо хабарнигорон доир шуд.

Наргис Набиева, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Сингапур, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар нахустин Олимпиадаи наврасон, Тоҷикистонро 6 варзишгар намояндагӣ кард. Олимпичиёни навраси тоҷик соҳиби ду медал гардиданд.

Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 килограмм медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар риштаи таеквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардидааст, дар ҷои 70-ум қарор гирифт.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни навҷавонону собиқадорон, ки дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск бо ширкати беш аз 500 варзишгар аз 47 кишвар баргузор шуд, 17 медал – 6 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст оварданд.

Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Русия мақоми севумро касб кард.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба дуввумин Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон, ки аз 4-ум то 11-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешавад, иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, дар ин Бозиҳо 49 варзишгари тоҷик, ки соли таваллудашон 1994-95 мебошад, дар 7 риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, волейбол (духтарон), гуштии юнониву румӣ, дзю-до, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони ҷавони тоҷик дар ин бозиҳо Ҳукумати Тоҷикистон 345 000 сомонӣ ихтисос додааст.

Варзишгарону мураббиён ва масъулини соҳа ба суолҳои хабарнигорон посухҳои дақиқ доданд.

Ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Саламшо Муҳаббатов, раиси Федеросиюни гуштии Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Олимпиадаи наврасон ва мусобиқоти ҷаҳонӣ муваффақ гаштаанд, дар арафаи Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо мукофоту унвонҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG