Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кинотеатри ройгон дар торнамои "Youtube"


youtube
youtube

Торнамои "Youtube", ки ба ширкати интернетии Google тааллуқ дорад, барои корбаронаш дар Интернет кинотеатри бепул боз кардааст.

Феълан дар ин кинотеатр беш аз 400 филми сохти ширкатҳои синамоие, чун Lionssgate, MGM, Sony Pictures ба намоиш гузошта шудааст. Ширкати видеоии Blinkbox аз Бритониё низ тааҳҳуд супурда, ки ба зудӣ 165 филмро барои тамошо дар кинотеатри Youtube бигузорад. Youtube дар оғози сол хадамаи видеоҳои пулакиро низ роҳандозӣ кард, вале он то ҳол барои ин торнамо фоида наовардааст


Донишмандони Бритониё геноми гандумро ошкор кардаанд.Ба бовари муҳаққиқони Донишгоҳи Ливерпул, кашфи геноми гандуми навъи “баҳори Чин” роҳро барои ихтироъи анвоъи барои мисол, ба хушксолӣ тобовари ғалла боз мекунад ва бо рафъи ҳар навъ хатари камбуди нон дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таҳкими амнияти ғизоии башарият мусоидат хоҳад кард.
Олимон ҳамин тавр дар солҳои охир ДНК-и картошкаву ҷуворимакка ва дар ҳамин моҳи августи соли равон ДНК-и себи навъи “голден”, маъруф ба “себи амрикоӣ”-ро ошкор карданд.


Олимони дорусози Аврупо аз анҷоми истифодаи озмоишии ивабрадин, як давои нав барои табобати амрози қалб хабар доданд. Ин даво дар бадани 6 500 маризи қалб дар 35 кишвари ҷаҳон таҷруба шуда, бино бар хулосаи коршиносон, хатари марг аз фишори дарди қалбро 26 дарсад камтар мекунад. Мартин Коуӣ, яке аз муҳаққиқон мегӯяд, ивабрадин набзи қалбро пойин бурда, ба фишори хун ва таргии нафас таъсири манфие надорад. Олимон ин даворо як имкони бесобиқае барои миллионҳо гирифтори дарди қалб дар саросари ҷаҳон мехонанд.


Дар Ҷопон нахустин шабакаи телевизионӣ дар миқёси 3D ба пахши барномаҳояш оғоз кардааст. Ин барномаҳои шабакаи Nippon BS маҷҷонӣ пахш мешаванд, вале барои тамошои он доштани айнакҳои махсус ҳатмист.
Дар соли ҷорӣ, аксари ширкатҳои электронӣ ба фурӯши телевизорҳое пардохтанд, ки имкони тамошои барномаҳо дар миқёси 3D-ро фароҳам мекунад. Аммо дар Ҷопон ба зудӣ телевизорҳое ба бозор медароянд, ки тамошои барномаҳои 3D бидуни айнаки махсусро низ мумкин мегардонад.


Будҷаи маркази таҳқиқоти кайҳонии созмони ҳастаии Аврупо, ки машғули таҳқиқи пайдоиши коинот буда, фаъолияти суръатфизои мавсум ба "Big Bang"-ро низ дар ихтиёр дорад, тайи 5 соли оянда башиддат коҳиш меёбад. Аммо Ҷеймс Ҷиллис, сухангӯи ин созмони иборат аз 20 кишвар гуфт, коҳиши масрафот ба фаъолияти "Big Bang" таъсири андаке хоҳад дошт.
Аммо намояндаи дигари созмони ҳастаӣ Ҷианнӣ Дерома гуфт, коҳиши нӯҳунимдарсадии будҷаи ин идора ҳама талошҳои то ҳол анҷомшуда ва натоиҷи ҳайратангези кори суръатфизоро барбод хоҳад дод. "Big Bang", 27 километр тӯл дорад, дар марзи Фаронсаву Швейтсария сохта шудааст.


Ва таҳқиқоти донишмандони амрикоӣ маълум карда, ки сайругашт дар ҳавои тоза нафақат барои дам додани бадан, балкӣ барои боло бурдани савияи ақлонии инсон низ муфид будааст. Ҷарроҳони Донишгоҳи Иллинойс зимни таҳқиқи мағзи сар вобастагии мустақими кори он бо сайругашт дар ҳавои тозаро кашф кардаанд. Арт Крамер, раҳбари ин таҳқиқот мегӯяд, се сайругашти 40-дақиқаӣ дар ҳафта кофист, ки савияи ақлонии инсон ба таври қобили мулоҳиза боло биравад.
XS
SM
MD
LG