Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафони Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои истироҳат – 28-ум ва 29-уми август бозиҳои даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, пешсафи ҷадвали мусобиқот, дар меҳмонӣ тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Юсуф Рабиев ва Дилшод Восиев (аз ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳоро Хуршед Каримов (ба дарвозаи худ), Аскар Равшанов ва Нӯъмон Ҳакимов заданд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими "Хайр"-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Се голи мизбононро Аҳтам Ҳамроқулов (дақиқаи 25-ум), Рустам Усмонов (41) ва Маҳмадалӣ Содиқов (65) ва як голи меҳмононро Низом Раҳимов (45) ба самар расонданд.

Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд ба дарвозаи тими меҳмон - ССКА "Помир"-и Душанбе се голи беҷавоб зад.

Дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин «Истиқлол» бо 46 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 45 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 33 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

18

14

4

0

40-9

46

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

19

14

3

2

55-11

45

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

19

10

3

6

32-23

33

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

18

8

5

5

20-19

29

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

19

7

6

6

21-27

27

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

5

5

9

26-35

20

7.

«Энергетик» (Душанбе)

18

4

3

11

19-32

15

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

19

4

3

12

21-37

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

19

1

2

16

14-55

5


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир», «Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10.

1-уми сентябр (чоршанбе)
Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои ҷавобии 1/4 финалӣ
«Хайр» - «Регар-ТадАЗ»
«Энергетик» - «Истиқлол»
«Рангонгаз» - «Шодмон»
«Ҳулбук» - «Хуҷанд»

4 сентябр (шанбе)
Даври 22-юм
«Истиқлол» - «Хуҷанд»
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ»

5 сентябр (якшанбе)
«Равшан» - «Вахш»
«Энергетик» - «Парвоз»
XS
SM
MD
LG