Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Раддияи "Домодедово" дар бораи бағочи тоҷикон


,
,

Маъмурияти фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав хабарҳои рабуда ё тахриб шудани бағочи мусофирони ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр"-ро ҳангоми парвоз аз Маскав ба Душанбе "беасос" номида ва рад кардааст.

Сухангӯи фурудгоҳ, Елена Галанова мегӯяд, "бино бар қонун, масъулияти гум шудан ё осеб дидани бағочро ширкатҳои ҳавонавардӣ дар дӯш доранд ва то ҳол мо аз онҳо ҳеҷ гуна дар ин бобат шикояти расмие нагирифтаем. Вай афзуд, ҳангоми ба ҳавопаймо бор кардани бағоч, ронандагони ҳавопаймо ба феҳрасти он имзо мекунанд ва зарар дидани ҷомадон ё бастае дар ин феҳраст зикр мешавад.

Дар мӯҳлати аз 16 то 20-уми август, гуфтааст Галанова, дар ин феҳрастҳо чунин ҳолат тазаккур наёфтааст ва дар ин муддат аз ягон мусофир низ шикояти расмӣ нарасидааст. Ба ғайр аз ин, ягон мусофир ҳангоми сабтином нархи дороии худро эълом надоштааст ва биноан мавҷудияти чунини дороӣ дар бағочи ӯ ғайриқобили исбот аст.

Аммо маъмурияти фурудгоҳи шаҳри Душанбе видеоеро пахш кард, ки дар он тахриб ва ғорат шудани бори мусофирон ва изҳороти онҳо дар бораи дуздида шудани дороияшон ба намоиш даромадааст.

Тафсилоти бештар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG