Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии ҳафтаномаи "Чархи гардун"


Нахустин мурофиаи парвандаи ҳафтаномаи “Чархи гардун”, ки аз сӯи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо ҷурми тӯҳмат ва таҳқир ба вакили собиқи парлумон Сайвалӣ Нуров боз шудааст, сурат гирифт.

Дар ин мурофиа додраси парванда ҷонибҳоро ба ҳалли масъала аз роҳи созишу муросо даъват кардааст. Вале ҷониби даъвогар ин даъватро рад намуда, хостори идомаи мурофиаи парванда шудааст.

Намояндаи собиқи Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон Сайвалӣ Нуров аз болои ҳафтаномаи мустақили «Чархи гардун» барои чопи матлаби ба гуфтаи вай таҳқиромез, ба додгоҳ шикоят бурд.

Сайвалӣ Нуров, ки аз соли 2005 то 2010 намояндандаи ноҳияи Вахши устони Хатлон дар парлумони Тоҷикистон будааст, ин ҳафтаномаро барои чопи матлабе зери унвони «Депутати авбошро говсуд мекунанд?» ба додгоҳ кашидааст.

Аммо Акбаралӣ Сатторов, муассиси ин ҳафтанома, ин иддаоро рад намуда мегӯяд, ки матлаби мазкур муғризона набуда, бо далелу бурҳон нигошта шудааст.

Ин матлаб дар таърихи 27-уми июн нашр шуда, дар бораи парвандаи ҷиноӣ алайҳи вакили собиқ Сайвалӣ Нуров нақл мекунад.

Додситонии вилояти Хатлон 17-уми марти имсол алайҳи Сайвалӣ Нуров, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси пешини ноҳияҳои Вахшу Қумсангир, бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла авбошӣ, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ ва монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи интихоботию кори камиссиюни раъйгирӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.

Додгоҳи шарҳи Қурғонтеппа парвандаи ӯро қатъ намуд, аммо додгоҳи вилояти Хатлон ахиран қарори додгоҳи Қурғонтеппаро лағв кард ва бояд парвандаи Нуров дар додгоҳи ноҳияи Бохтар аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG