Барои сохтмони бинои филиали Донишгоҳи омузгорӣ, ки соли 2007 оғоз шуда буд, 19 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ин сафари ҷаноби Раҳмон ба водии Рашт ду рӯз идома хоҳад дошт. Интизор меравад, ки зимни сафари худ ба минтақа, Эмомалӣ Раҳмон аз чандин иншооти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин водӣ рӯнамоӣ кунад ва як силсила мулоқотро бо сокинони навоҳии Рашт низ анҷом диҳад.
Ҳамчунин ин сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки сокинони ин минтақа аз селобҳои рӯзҳои ахир хисороти зиёд дидаанд. Тибқи хабарҳо, бар асари ин селобҳо ҷодаҳо, хатҳои интиқоли барқ ва биноҳои маскунӣ ва як бемористон зарар дидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ду рӯзи пеш аз вилояти Хатлон низ дидан намуда ва бо сокинони ноҳияҳои ҷануби кишвар мулоқот анҷом дода буд.