Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои аввали Ҷоми Тоҷикистон-2010


Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2010 25-уми август бо бозиҳои аввали даври чорякниҳоӣ шурӯъ шуд.

Дар мусобиқаи имсола 8 даста – 5 дастаи лигаи олӣ ва се дастаи лигаи аввал барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебарад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2009, дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо тими «Энергетик»-и Душанбе рақобат кард. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 3-3 анҷом ёфт.

Бозӣ байни дастаҳои лигаи аввал - «Шодмон»-и Ҳисор ва «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ низ бо натиҷаи мусовӣ (1-1) ба охир расид.

Дар ду бозии дигар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон - «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуданд.

Бозиҳои ҷавобии чорякниҳоӣ 1-уми сентябр баргузор мешаванд. Баъдан чаҳор дастаи беҳтарин ба бозиҳои даври ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 8-уму 9-ум ва 15-уму 16-уми сентябр барпо мегарданд, роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2010 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG