Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёвуш дар Олимпиадаи Сингапур аз медали биринҷӣ маҳрум шуд


Сиёвуш Зуҳуров-муштзани тоҷик
Сиёвуш Зуҳуров-муштзани тоҷик

Сиёвуш Зуҳуров, варзишгари тоҷик, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар мусобиқаи бокс дар вазни то 91 килограмм барои дарёфти медали биринҷӣ аз рақибаш Умит Кан Патир, муштзани Туркия, шикаст хӯрд.

Муштзани турк бинобар бартарии комил дар раунди аввали ин қувваозмоӣ (2:24) ғолиб дониста, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Сиёвуш Зуҳуров пеш аз ин қувваозмоӣ аз рақибаш Фабио Турчии итолиёвӣ, ки ба финал баромад, бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрда буд. Муштзани итолиёвӣ 25-уми август дар қувваозмоии ниҳоӣ бо Лениер Перои кубагӣ барои медали тилло мубориза хоҳад бурд.

Ба ин тартиб ҳамаи 6 варзишгари тоҷик сабқати худро дар Олимпиадаи наврасон ба анҷом расонданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи наврасон дар Сингапур ду варзишгари тоҷик - Шукрона Шарифова дар риштаи таеквон-до WTF медали биринҷӣ ва Баҳодур Қодиров дар гуштии озод медали нуқра ба даст оварданд.

26-уми август маросими пӯшидашавии нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки 14 август дар Сингапур бо ширкати 3600 варзишгар шурӯъ шуда буд, баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG