Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони "Диёри Душанбе" моҳи ноябр шурӯъ мешавад


Ширкати “Қатарӣ Диёр Риал” моҳи ноябр ба бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе” шурӯъ мекунад. Ҳазинаи ин тарҳ 180 миллион доллар баровард шуда, ин маҷтамаъи иборат аз 5 бинои истиқоматӣ, меҳмонсаройи панҷситораӣ, марокизи тиҷорӣ ва фароғативу варзишӣ ва боғи атфол дар ҳошияи соҳили кӯли Ҷавонони пойтахти Тоҷикистон дар майдони 68 000 метри мураббаъ қомат хоҳад афрохт. Қарор аст, тарҳи “Диёри Душанбе” то ноябри соли 2012 такмил шавад.
Ширкати қатарии “Диёр” ҳамчунин масъулияти сохтани бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистонро дар назар дорад, ки дар майдони 6 гектар бунёд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG