Ин ҷост, ки ҳатто барои чанд соат ҳам бошад бо дӯсти ҳамсафарам Абдулбаҳор фурудгоҳи пуршукӯҳ, вале хеле пуриздиҳоми Ота-туркро тарк гуфтем ва дар фосилаи начандон тӯлонӣ таксӣ моро ба маркази Истамбул овард.
Ростӣ, дар пойтахтҳои кишвархои зиёди шаркӣ будам, аммо Истамбул дар назари банда аз он фарқ мекард, ки ин ҷо фарҳанги кухани шарқ ва муосири аврупо бо ҳам даромехтаву тавъам ба назар мерасанд. Фикр мекунӣ, як тарафи шоҳрохи Истамбул Шарқ асту бари дигар Аврупо…
Туркхо тавонистаанд Истамбулро ба яке аз марказҳои бузурги савдои аврупо-осиёи табдил диҳанд ва бад-ин васила рушду нумуъи муосири онро низ ба роҳ монанд. Аммо, ҳама одобу усули шаҳрсозӣ бо назардошти он, ки Истамбул (замоне Константинополь) - марказ ва такягоҳи империяи бузурги Византия буд, риоя шудааст.
Ва сари қадам, ин ёдгорихои таърихи побарчо ба назар мерасанд ва дар ҳамсоягии биноҳои муосири замонавӣ шукӯҳи хосаи худро доранд. Аз пахлуи «Топкапи Палас» - қароргоҳи куҳанбунёди султонҳои усмонӣ, ки ҷавоҳироти нодири он замонро ин ҷо то ҳанӯз маҳфуз медоранд, аз шафати ибодатгоҳи Софияи Мукаддас, ки асрҳои аср ин ҷо ибодатгоҳи масеҳиён буд ва баъди фатҳи Константинопол аз ҷониби туркҳои усмонӣ дар он манораҳо оростанд ва инҷо масҷид қомат афрохт, гузар намудем…
Дил мехост ҳама ҷойхои таърихии Истамбулро бубинем. Аммо бинобар камии фурсат, роҳи мо аслан сӯи мавзеи маъруфи «Султон Аҳмад» буд.
Бо максади гузоштани намози шом ва фотиҳа дар маҳбубтарин масчҷиди дунё, ки иборат аст аз шаш манораи баланд аст…
Аммо ба ин ҷойи мукаддас ва серодам, он бегох қудуми мубораки моҳи шарифи Рамазон- ҳодисаи дигаре низ шукӯҳу ҳашамати беандоза бузург дода буд, ки ҳадафи аслии ин нигоштаҳо низ ёдовар шудан аз он аст.
Туркҳо дар марҳилаи феълии ҷаҳони имрӯз низ тавонистаанд бо назардошти ҷойгиршавии хеле муфиди чуғрофии кишварашон, манфиатхои милливу давлатии худро хуб пиёда созанд. Эҳсос мешавад, ки ҳатто дар сатҳи сиёсати давлатӣ, дини ислом мақому мартабаи хоса дорад ва Туркиё фарҳанги ғании исломиро ҳамчун яке аз самтхои калидии пиёда кардани манфиатҳои милливу давлатиаш дар фарози равобити фархангӣ бо Аврупо басо устокорона истифода мебарад.
Шояд ба ҳамин хотир, ҳукумати Туркиё маросимҳои ботантана ва пуршӯуҳ ба муносибати пойтахти фарҳанги Иттиҳоди Аврупо дар соли 2010 эълон шудани шаҳри Истамбулро замоне ба роҳ андохта, ки дунёи ислом аз қудуми моҳи шарифи Рамазон тантана дорад ва таваҷҷуҳи Аврупо низ бар ин истиқбол кам нест.
Туркиё бо ин роҳ бори дигар собит месозад, ки ҳузури ӯ дар сафи кишвархои Иттиҳоди Аврупо бо доштани ин гуна фарҳанги бою гании исломӣ тобиши тозаеро ба миён хоҳад овард ва метавонад василаи бехтарини гуфтугӯ байни Шарқу Аврупо, Осиёву Аврупо, ислому масеҳият, масҷиду калисо бошад….
Дарёфти унвони «Пойтахти фархангии Аврупо дар соли 2010» ба Истамбул, дар маҷмуъ барои Туркиё баҳри ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ, зиёд шудани шумори сайёхон, ба роҳ андохтани барномаву лоиҳаҳои фархангӣ мусоидат хоҳад кард. Агар соли пешин, Туркиё 7,5 миллион сайёҳи хоричиро истикбол гирифта бошад, имсол ҳукумат ният дорад худуди 10 миллион аз сайёҳони хориҷиро мутаваҷҷеҳи кишвар намояд, то онҳо ба дидани пойтахти фарҳанги аврупоӣ биёянд.
Имсол дар назар аст ба ин муносибат дар Туркиё, бахусус дар Истамбул 170 барномаи бузурги фарҳанги ба роҳ андохта шавад. Бегумон, баргузории ин чорабиниҳо барои Туркиё на танхо аҳамияти муҳими фарҳангӣ, балки сиёсӣ низ доранд. Зеро, ба назари банда, ин ҷо як навъ алоқамандие миёни ба Истамбул додани унвони пойтахти фарҳанги аврупоӣ ва раванди шомил шудани Туркиё ба Иттиҳоди Аврупо эхсос мешавад.
Баргузории чорабиниҳои рангини фархангӣ дар Истамбул, ки ба фарорасии моҳи шариф тавъам омаданд, ба Рамазон шукуҳу шаҳомати беандоза доданд. Ҳама шаҳр, он шоми аввали моҳи шариф ва нахустин бегоҳии ифтор фазои идона дошт: дар хиёбони марказӣ дар фарози майдони байни масҷид ва Донишгоҳи давлатии Туркиё калонтарин намоишгоҳи китобу мусавварахои динӣ доман пахн карда буд.
Дар гӯшаҳои мухталифи Истамбул, саҳнахои консертӣ хазорон-хазор мардумро фаро гирифта буданд, тарабхонаву кахвахонаҳо дар пештоқи биноҳояшон табрикоти моҳи шарифро навишта карда, ба ин муносибат хидматгузорӣ ва хӯрокҳои лазизашонро бо нархи арзон пешкаш менамуданд…
Поси шаб, таксӣ моро аз хиёбонхои чароғон ва перостаи Истамбул дубора ба майдони ҳавоии Ота-турк овард. Рах ба рах меандешидам, ки воқеан барои чалби таваҷҷуҳи сайёҳон ҳарфхои баланд, дарза-дарза барномаҳои рушд, ки дар коғаз мемонанд, лозим нест. Шароит бояд муҳайё кард, сайёҳ худаш меояд, мебинад ва хулоса мекунад, ки дубора меояд ё на.
Ман раҳ ба раҳ ба худ мегуфтам, ки дар бозгашт низ хатсайри парвозамро аз Аврупо тавассути Истамбул хоҳам кард. Ё ин ки, агар камтарин фурсат даст диҳад, ҳафтае тамошои Истамбул хоҳам омад.