Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мулоқоти душвору ҳанӯз бенатиҷа"


«Мулоқоти ғайриодии Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон», «Медведев ба Раҳмон ваъдаҳои иҷронакардаашро ёдовар шуд», «Эмомалӣ Раҳмон аз Медведев пуридааст, чаро Маскав қиммати нафтро боло бурд?». Ин ибораҳо аз сархати ахбори расонаҳои русӣ дар мавриди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев аст.

Инҳо сарлавҳа ва ҷумлаҳои муҳими сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаҳои чопи Маскав мебошад, ки пас аз мулоқоти президенти Русия Медведев бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Покистон, Афғонистон, Русия ва Тоҷикистон сурат гирифтааст, рӯи коғаз омадаанд.

Ба навиштаи сомонаи президенти Русия қабл аз он ки ин гуфтугӯҳои ҷиддӣ сурат гирад, ҳангоми рӯ ба рӯ омадан Медведев Раҳмонро «хушомадед Эмомалӣ Шарифович, хушҳолам, ки шуморо мебинам» гуфта, даст дароз мекунад.

«Ташаккур, муҳтарам Димитрий Анатолевич, самимона ва беҳад аз ин мулоқот шодам», мегӯяд, Раҳмон ва дастфишорӣ мекунанд.

"Ваъдаҳои иҷронашуда"

Аммо «Коммерсант», менависад, ки дар ин мулоқот Медведев Эмомалӣ Раҳмонро ҷиддан ёдовар мешавад, ки то кунун қарзи барқи «Сангтуда -1» -ро Тоҷикистон ба Русия пардохт накардааст.

Ваъдеро, ки қаблан Тоҷикистон дар хусуси истифода аз фурудгоҳи низомии воқеъ дар шаҳраки Айнӣ барои ҳавопаймоҳои Русия дода буд, иҷро накардааст.

Ва ҳамчунин пахши дубораи барномаҳои шабакаи РТР Планета ҳанӯз роҳандозӣ нашудааст. Дар мавриди ин ки ба ин пурсишҳои Медведев Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуфтааст, чизе гуфта нашудааст.

Сомонаи Вести.кз навиштааст, дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон низ ба Сочӣ бо тақозои зиёде наомадааст. Аз ҷумла, вай пешинҳод кардааст, Русия дар рӯдхонаҳои Тоҷикстон нерӯгоҳҳои хурд бунёд кунад. Ва қиммати маводи сӯхте, ки аз Русия ба Тоҷикисон меояд ва ахиран боло бурда шуда буд, коҳиш дода шавад.

Ба навиштаи ҳамин сомона, Медведев гуфтааст, иҷрои ин пешниҳодҳо вобаста ба амалӣ намудаи ваъдаҳое мебошад, ки қаблан Душанбе дода буд.

Ба ҷузи ин ҳарфҳо дар хусуси гуфтугӯи сарони Маскав ва Душанбе дигар иттилое дар матбуот ва расонаҳои Русия ба нашр нарасидааст.

Аммо «Комерсант» дар сомонаи худ навиштааст, Маскав барои он ба фурудгоҳи ҳарбии Айнии Тоҷикистон аҳамият медиҳад, ки мувофиқи як созишномаи дуҷониба ҳавопаймоҳои ҷангии Русия бояд ройгон аз ин фурудгоҳ исфтода кунанд.

Расонаҳои Тоҷикистон ба мулоқоти Раҳмон бо Медведев назари ҷиддӣ наадохтаанд. Оҷонсии хабарии «Азия Плюс» бо чопи ҳамин мақолаи «Комерсант» иктифо кардааст.

Изҳори қаноъатмандӣ

Оҷонсии «Авесто» аз қавли дафтари матуботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон овардааст, ки мулоқоти дуҷониба бо назардошти манофеи кишварҳо бомувафақият анҷом ёфтааст.

Бархе дигар сомонаҳои расмӣ ҳам нашрияҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Русия аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф изҳори қаноъатмандӣ карда, ба зарурати таҳкими ҳарчи бештари ин ҳамкориҳо таъкид намудаанд.

Нашрияҳои русӣ низ аз қавли Эмомалӣ Рамҳон навиштаанд, ки ҳеҷ мушкили ҳанашудае дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон боқӣ намондааст.

Изҳори қаноъат аз чӣ?

Ин изҳори қаноъатмандӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ба назари коршиносон муносибати Русия ва Тоҷикистон дар ҳамаи даврони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба андозаи яку ним соли ахир сарду печида набудааст.

Муносибати Тоҷикистон ва Русия аз соли 2005 ба ин сӯ, ба думболи он ки ширкати "РусАл"-и Русия ба тааҳҳуди худ дар заминаи сохтмони Роғун амал накард, ба сардӣ гароид. Мақомоти Тоҷикистон мӯътақид буданд, ки Русия таҳти фишори Тошканд аз иҷрои созишномаи сохтмони Роғун даст кашидааст.

Сафари Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар зимистони соли 2009 ба Тошканд ва суханони ӯ дар пуштибонӣ аз мавзеъи Тошканд дар барҳрабардорӣ аз манобеи оби минтақа, боиси эътирози расмии ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Оқои Медведев зинми сафараш ба Узбакистон гуфта буд, ки Русия барномаҳои энержиеро, ки бо кишварҳои ҳамсоя ва Узбакистон мувофиқа нашуда бошад, дар ин минтақа саромягузорӣ нахоҳад кард.

Ин гуна изҳори назар гумони Тоҷикистон дар мавриди пуштибонии Маскав аз Тошканд дар баҳси манобеъи обиро ба яқин табдил кард. Ва дар эътироз ба ин мавзеъгирии Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои аввалин бор як сафари эълоншудаи худ ба Маскавро лағв кард.

Узбакистон мухолифи барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, хоса Роғун дар Тоҷикистон аст ва мегӯяд, ки сохтани ин обанборҳо барои кишварҳои поёноби минтақа фоҷеъаи зистмуҳитӣ ба думбол хоҳад дошт. Тоҷикистон ин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, ки бо сохтани ин нерӯгоҳҳо қасди бастани маҷрои об ба рӯи ҳамосояҳои худро надорад.

Ба назар мерасад, ки то кунун дар ин баҳс Русия, ки аз нуфузи ҳамчуноние дар минтақа бархурдор аст, дар ҷониби мавқеъи Узбакистон қарор гирфитааст. Ва ин боиси нороҳатии мақомоти сиёсии Тоҷикистон шудааст.

Акнун суоли мартаҳи имрӯз ин аст, ки ба якборагӣ изҳори қаноъатмандӣ кардан аз муносибатҳои то кунун сарди ду кишвар ба маънои чист, оё муомилае пушти парда сурат гирифт?
XS
SM
MD
LG