Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдулло, раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа бо ширкати беш аз 150 гуштигир аз 15 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд.
Вай афзуд: «Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 гуштигир намояндагӣ кард. Ду нафари онҳо – Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ва Зиёратшо Баротов дар вазни беш аз 100 килограмм ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Ду гуштигири дигари тоҷик Ғолибшоҳ Дамдоров ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 74 килограмм ҷойҳои севумро гирифтанд ва бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон ва 400-долларӣ сарфароз гаштанд. Ба онҳое, ки ҷойҳои дуввумро соҳиб шуданд, 200-долларӣ ва ба гуштигироне, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, 150-долларӣ супурда шуд».
Дар ҳисоби умумидастаӣ Қазоқистон, ки аз ҷумла 5 медали тилло ба даст овард, мақоми аввалро касб кард. Тоҷикистон бо ду медали тилло ва ду нуқра дуввум шуд. Дастаи Гурҷистон дар мақоми севум қарор гирифт.
Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло ин мусобиқа барои самбочиён санҷише буд пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 4-ум то 8-уми ноябри соли равон дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд доир хоҳад шуд.