Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози давраи сеюми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Давраи сеюми мусобиқаи XIX қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат - 14-уму 15-уми август бо бозиҳои даври 19-ум шурӯъ шуд

Рӯзи шанбе ду бозӣ сурат гирифт. "Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ аз ССКА "Помир"-и Душанбе бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт. Давронҷон Тухтасунов, собиқ бозигари «Регар-ТадАЗ», ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд ва ҳоло дар дастаи ССКА «Помир» бозӣ мекунад, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди 9 дақиқа Аҳтам Назаров, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Шамс Қосимов, бозигари ССКА «Помир», дар дақиқаи 25-ум ба самар расонд.

"Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи меҳмон "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 3-0 ғалаба кард.

Ду бозии дигари даври 19-ум рӯзи якшанбе баргузор шуд. "Хуҷанд"-и Хуҷанд бозиро ба дастаи меҳмон - "Хайр"-и Ваҳдат бо ҳисоби 0-2 бой дод. Ҳарду голро ҳамлагари меҳмонон Низом Раҳимов зад.

"Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар майдони худ дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги 5-0 шикаст дод. Аз ҷумла ду голро ҳамлагар Нӯъмон Ҳакимов, ки ӯро бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» аз дастаи «Вахш» харидорӣ намуд, ба ҳадаф расонд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

4

0

37-9

40

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

12

3

2

50-10

39

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

17

10

3

4

30-18

33

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

17

7

5

5

17-18

26

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

17

6

6

5

20-24

24

6.

«Энергетик» (Душанбе)

17

4

3

10

19-31

15

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

17

4

3

10

21-34

15

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

3

5

9

19-32

14

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

17

1

2

14

11-48

5


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 17 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10 гол.

Даври 20-ум
21 август (шанбе)
ССКА «Помир» - «Парвоз»
«Хайр» - «Регар-ТадАЗ»
22 август (якшанбе)
«Равшан» - «Хуҷанд»
«Истиқлол» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG