Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин медали Тоҷикистон дар Сингапур


Шукрона Шарифова ҳини сабқат бо яке аз рақибон
Шукрона Шарифова ҳини сабқат бо яке аз рақибон

Шукрона Шарифова, варзишгари ҷавони тоҷик, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар сабқати таэквон-до WTF медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин бора Наргис Набиева, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, аз пойтахти Сингапур – шаҳри Сингапур ба радиои Озодӣ хабар дод.
Вай гуфт: «Шукрона Шарифова дар сабқати таэквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм дар қувваозмоии аввали худ ба рақибаш Ли Заои, аз Чин, пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Вале Шукрона дар даври ниманиҳоӣ аз Ирина Ромолдановаи укроинӣ мағлуб гашт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ин аввалин медали олимпичиёни навраси Тоҷикистон дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ба шумор меравад».

Ба гуфтаи Наргис Набиева дар муваффақияти Шукрона Шарифова, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи шумораи 94-и шаҳри Душанбе, хизмати устодаш Ҷамшед Абдуҷабборов, мураббии варзидаи таэквон-до WTF, назаррас аст.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки то 26-уми август идома хоҳад кард, боз дар чор намуд - гуштии озод (16 - 17 август), варзиши сабук (17 - 23 август), камонварӣ (18 - 21 август) ва бокс (21 - 25 август) ширкат меварзанд.

Дар ин навъҳои варзиш Тоҷикистонро гуштигир Баҳодур Қодиров, даванда Даврон Атобоев, гурзандоз Абдуқодир Баротов, камонвар Кристина Зайниддинова ва муштзан Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур, ки 14-уми август баргузор шуд, Селлапан Раманатан, раисиҷумҳури Сингапур бозиҳоро кушода эълон кард. Сипас Жак Рогге, президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, суханронӣ намуд.

Вай, аз ҷумла, гуфт: «Мо саҳифаи нави таърихро боз мекунем. Аз ин лаҳза варзишгарони наврас аз тамоми ҷаҳон соҳиби Олимпиадаи худ шуданд».

Дар варзишгоҳи «Марина-бей»-и шаҳри Сингапур, ки ин маросим доир шуд, парчами олимпӣ барафрохта, оташи олимпӣ фурӯзон гардид.

Маросими кушоиши бозиҳо бо ширкати 7 ҳазор ҳунарпеша хеле рангину шавқангез сурат гирифт.

Дар паради ширкаткунандагони бозиҳо ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 13 нафар иштирок намуд. Парчамбардори Тоҷикистон гуштигир Баҳодур Қодиров буд.

Синни ширкаткунандагони нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур вобаста ба навъи варзиш аз 14 то 18-сола муайян шудааст. Дар бозиҳо ҳудуди 3600 варзишгар аз рӯи 29 намуд қувваозмоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG