Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти довталабон аз натоиҷи имтиҳони қабул


Масъулини Донишгоҳи Хуҷанд мегӯянд, шуморе аз довталабон, ки аз имтиҳони қабул баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд,тақозо кардаанд, ки натиҷаи имтиҳони онҳо дигарбора санҷида шавад.

Абдуҷамол Наврӯзов, аз шумори довталабонест, ки баъд аз эълони натиҷаи имтиҳонот, ки аз сӯи масъулин ғайриқаноатбахш дониста шудааст,аз раиси кумиссиони қабул тақозо кардааст, то дар натиҷаи имтиҳони вай таҷдиди назар кунанд.

Абдуҷамол мегӯяд, солҳост, ки барои донишҷӯ шудан дар назди устодони мактабаш омодагӣ дидааст ва ба дониши худ эътимод дорад:

«Рӯзи 5-ум, мо ба имтиҳон ҳозир шудем. Имтиҳони нахустин навиштани иншо буд. Аз се мавзуъи пешниҳод шуда якеро интихоб намуда, дар ҳаҷми панҷ варақ иншо навиштам. Барои навиштани ному насаб дар варақаҳои иншо ба мо иҷозат намедоданд. Баъд аз ду рӯз эълон карданд, ки баҳои ман манфӣ будааст. Ман дар мактаб барои навиштани иншо баҳои хубу аъло мегирифтам, аммо дар ин ҷо барои навиштани иншо баҳои ғайриқаноатбахш гузоштаанд».

Нигаронии волидон аз натоиҷи имтиҳонот

Абдунабӣ Наврӯзов, падари Абдуҷамол бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, интизор надошт, ки фарзандаш аз нахустин имтиҳон баҳои манфӣ мегирад ва ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдиро аз даст медиҳад. Ӯ бо изҳори нигаронӣ мегӯяд ба мушоҳида мерасад, ки умдатан фарзандони афроди сарватманд, дар супоридани имтиҳони қабул баҳои сазовор мегиранд, аммо фарзандони нафарони деҳқон аз имтиҳон нахоҳанд гузашт. Вай гуфт:

«Аз баҳои имтиҳони фарзандам ман қаноатманд нестам, зеро аз рӯи навиштааш бояд баҳои чор мегирифт. Нафари пулдор, барои гирифтани баҳои имтиҳон дар навбати аввал аст. Агар пул ва ё ягон пуштии хуб дошта бошед, фарзанди шумо метавонад донишҷӯи донишгоҳ шавад. Бо донишу савод, аммо бе пулу шинос дохил шудани ҷавонон дар донишгоҳҳо кори душвор аст».

Комиссияи қабул: шикояткунандаҳо дониши хуб надоранд

Масъулини донишгоҳи Хуҷанд мегӯянд, ин аввалин ҳодисае, нест, ки довталабон бо навиштани аризаи шикоятӣ тақозо доранд, то натиҷаи имтиҳони онҳо дигарбора бозбинӣ шавад. Салоҳиддин Ӯзбеков, ҷонишини котиби комиссияи қабул дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ин замина афзуд:

«Шурӯъ аз рӯзи 17 то ба имрӯз, 21 нафар довталабони бахшҳои рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ноком шудаанд, ба унвони комиссияи қабул ариза пешниҳод кардаанд».

Оқои Ӯзбеков мегӯяд, довталабон дар ҳоле аз баҳои имтиҳони худ норозӣ ҳастанд, ки саводи комил надоранд. Ӯ афзуд, шуморе онҳое ҳам кам нестанд, ки бо дониши шоистаи худ, ба гирифтани баҳои хубу аъло сазовор шудаанд.

Коҳиши шумори довталабони донишгоҳҳо

Шикояти гурӯҳи довталабон аз натиҷаи имтиҳонот дар ҳолест, ки теъдоди довталабони таҳсили олӣ дар донишгоҳҳои Суғд назар ба чанд соли пеш коҳиш ёфтааст. Иномҷон Амонов -директори донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатӣ- тиҷоратии Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, ҳарчанд, теъдоди хатмкунандагони мактабҳо дар шаҳру навоҳии Суғд, зиёданд, аммо шумори ками онҳо барои гирифтани маълумоти олӣ ба донишгоҳҳои Хуҷанд ҳуҷҷат супоридаанд. Иномҷон Аминов мегӯяд:

"Соли ҷорӣ, мувофиқи нақша, ба донишгоҳи мо қабули 950 нафар донишҷӯ, аз ҷониби вазорати маорифи кишвар пешбинӣ шудааст, вале то ба имрӯз ҳудуди 800 нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд, ки иҷро шудани нақша гумон аст. Бинобар ҳамин мо ба вазорати маорифи кишвар муроҷиат кардем, ки қабули ҳуҷатҳоро то санаи 15 уми сентябр тамдид кунад".

Ноумедии ҷавонон

Иномҷон Аминов иддаъо дорад, ки коҳиши шумори аҳолӣ, сабаби камбуди довталабони таҳсил дар макотиби олӣ шудааст. Аммо ба ҳангоми сӯҳбат, ҷавонон изҳор медоранд, ки гарон будани қиммати таҳсил, мавҷуд будани ҳодисаҳои ришвахорӣ ва мушкили дарёфти маблағ аз омилҳое маҳсуб мешаванд, ки бисёриҳоро аз воридшавӣ ба донишгоҳҳо ноумед кардааст.

Ҷаҳонгир Ёқубов яке дигар аз довталабон мегӯяд.

«Рӯз то рӯз пардохти қабул гарон шуда истодааст. Бисёри ҷавонон шароит надоранд, ки бо маблағи гарон ба донишгоҳҳо дохил шаванд. Дар чунин шароит орзӯи донишҷӯ шуданро ҳам надоранд. Онҳо баъди хатми мактаб ё ба Русия мераванд, ё ба мардикорӣ машғул мешаванд».

Дар ҳамин ҳол иддае аз ҷавонон, мегӯянд, ки бидуни тақаллуб ва ришват дохил шудан ба донишгоҳҳо кори мушкиле шудааст.
XS
SM
MD
LG