Иштирокчиён: Ровӣ, Шоира, Адолат, Ширин, Ноиби раис, Раиси коргоҳ, Дарбон, Раиси ҷамоат, Ёдгор, Занҳои коргоҳ
САҲНАИ-I
Ровӣ: -Як утоқи комилан холӣ аз ҷиҳоз дар кадом як корхона, ки аслан занонад як нафар, ду нафар ба ин утоқ дохил мешаванд. Ноиби раис онҳоро ба маҷлис ҳидоят мекунад.
Ноиби раис: -Ҳамин ҷо чанд лаҳза ҷамъ шавед. Раис гапҳои мегуфтагӣ доштаанд. Гузаред…, гузаред, ҳозир…
Ровӣ: -Ноиби раис берун мебарояд. Занҳо миёни ҳам сўҳбат доранд. Аз берун зани ҳомила ворид мешавад. Вай хавотир аст.
Шоира: -Намедонам аҳволи зиндагиам, бачаҳоям, хонаам чи мешуда бошад?
Адолат: -Хап карда нашин да, … гап зан мушкилиҳоятро, фаҳмон.
Шоира: -Чи хел фаҳмонам, дина гуфт, ки дигар набиё. Имрўз омадам. Аз субҳ то ҳоло маҷбурӣ кор кардам.
Адолат: - Ҳа, маҷлисашон барои ҳамин аст-гў.
Шоира: - Намедонам!
Ровӣ: - Ширин ба сўҳбат ҳамроҳ мешавад.
Ширин: - Ў ба ман ҳам сахт часпидааст. Куҷоям ба ў маъқул не? Аз саҳар то шом медавам. Рўзҳои оғози кори корхона танҳо зўр мезадам. Вай он ҳама хизматҳои манро аз ёдаш бурдааст. Ҳамин корхона бо талошҳои мо обод шуд. Акнун мо «кўҳна» шудем. Нисфи занҳои коргарро ман ба кор моил кардам. Акнун чӣ, бояд биравам? Не! Корро ин хел намемонем.
Ровӣ: - Аз дар ноиби раис бо чанд коргарзани дигар ворид мешаванд.
Ноиби раис: - Ҳама ҷамъ шуданд? Як лаҳза ман ҳоло раисро даъват мекунам.
Ровӣ: - Занҳо хавотир. Раис ворид мешавад. Вай қадбаланд айёр ва маккор аст. Корчаллон менамояд.
Раис: - Салом.
Ҳама : - Салом.
Раис: - Духтарҳо! Умуман корҳоямон бад нест. Маошатонро ҳама сари вақт гирифта истодаед, ҳамин тавр нест?
Ҳама - Ҳамин тавр.
Раис: - Ин моҳ ба ҳамаатон ним маош мукофот медиҳам. Харбиёни сарҳадчӣ бо мо аз нав қарордод бастанд. То шаш моҳи дигар кор бояд ҷўш занад. Саҳарҳо ба кор дер намонед. Бегоҳиҳо бахона карда аз кор барвақт наравед. Дар ҷои Шумо талабгор бисёр. Нахоҳед гуму нест мекунем. Дўзанда набошад ёд медиҳем. … Бисёр нозу нуз накунед.
Ровӣ: - Раис ба зани ҳомила мурочиат мекунад.
Раис: - Гуш кун, номат чӣ буд?
Шоира: - Шоира.
Раис: - Шоира! Як ҳафта шуд, ки ба ту мефаҳмонам. Дина гуфтам дигар набиё. Боз омадӣ. Ту чи гапро намефаҳми? Аз ту дигар чи фоида? Инро набардор! Онро нагир! Шуд! Як бор гуфтам набиё озод, тамом. Хирагӣ накун фаҳмо?
Шоира: - Раис аҳволи хонаводаам хуб нест. Шавҳарам намедонам барои чӣ, се моҳ мешавад бедарак аст. На пул мефиристад, на салому пайём мегўяд. Раис илтимос дигар такрор намешавад. Бардор гўед, мебардорам фарор гўед, мефарорам. Дигар хато намекунам. То замони сабук шуданам кор карда истам. Дар хона боз ду хурандаи дигар дорам. Модарам ҳам бемор, аҳволашон вазнин.
Ровӣ: -Занҳо ўро дастгирӣ мекунанд. (Садои занхо)
Ҳама: -Ҳа раис, кор кунад. Мо ёрдам мекунем. Раис, Шоираро аз кор холи накунед. Ба ў раҳм кунед, раис!
Раис: - Шуд! Ман соҳиби корхона. Нағз медонам ба кӣ раҳм кунам ба кӣ - не! Кӣ меравад, кӣ меояд, киро бояд аз кор холӣ кунем, ман ҳаллу фасл менамоям. Дахолат накунед! Овоз баровардед! Талаб мекунед! Худаш чӣ гап?
Хама: - /Нимғурма/ … Не раис, … Охир нағз не… Дастгири кардан даркор… /Хомўш/
Раис: - Дигар такрор намекунам. Ту аз кор ҷавоб. /Ба ноибаш/ ба дарбонҳо гўед, ки дигар ўро ба корхона роҳ надиҳанд.
Ширин: - Раис Шумо ҳақ нестед. Одам гуфтанӣ ин хел намешавад. Аҳволаш вазнин аст. Чаро ўро дастгирӣ намекунед? Мо занҳои ин корхона аз баҳри бисёр чизҳо гузаштем, ки ин бино корхона шуд. Акнун, ки ҳама ҷо обод аст, чаро моро пушти по мезанед?
Раис: - Ногуфта намонад. Ту ҳам дигар ба кор набиё. Ту хам озодӣ. Кўдакам майда – гўён ҳар саҳар ба кор дер меои. Бегоҳиҳо барвақт меравӣ. Ҳамин моҳ се бор ба кор ҳозир нашуди. Хамин хел не?
Ширин: - Кўдакам таб дошт. Бемор буд.
Раис: - Кўдакат таб дошт. Бемор буд, пас дар хона нишину кўдакатро бонӣ кун. Аз наомадани ту корхона хеле зарар дид. Муштариҳои мо қаҳр карданд. Ҳамин хел набуд?
Ноиби раис: - Ҳамин хел раис. Онҳоро ба зўр розӣ кунондем. Агар мерафтанд, ҳоло на маош доштему на бало!
Раис: /ба ноибаш/ Ба дарбон амри маро расон. Тамом ба ҳамаатон ҷавоб.
Ҳама: (Нидоҳои ҳархела дар тўли сўҳбати боло) - Чи мешавад? Мукофот як маош мебуд нағз мабуд? - Э хайрияте! - Анна ин гапи дигар!
Ровӣ: - Зани ҳомила ва Ширин бо даъвоҳояшон пеши роҳи ўро мегиранд.
Раис: - Ман дигар ба ҳарфи касе гўш намеандозам. Тамом! Як тараф!
Ровӣ: - Раис меравад. Аҳли маҷлис низ ин идораро тарк мекунанд. Шоира ва Ширин танҳо мемонанд.
Шоира: - Беинсоф!!!
Ширин: - Акнун чи кор мекунем?
Шоира: - Ба тақдир тан медиҳем. Ба ин балои Худо ману ту чи кор карда метавонем.
Ширин: - Не, дугона. Ба харфи ман гўш андоз. Ў ҳақ надорад моро пеш кунад. Шикоят мекунем.
Шоира: - Ба кӣ?
Ширин: - Ба ҳукумат! Ба суд!
Шоира: - Гўш мекунанд?
Ширин: - Гўш мекунанд. Ҳоло мебинӣ. Медони чи, дугона, агар ба болотар шикоят кунем, мегўянд, ки аз худ рафтаанд, сад гапу калоча мебофанд. Биё назди раиси ҷамоат меравем. Вай одами хуб аст. Нафъаш ба ҳама мерасад.
Ровӣ: Аз дар дарбон ворид мешавад.
Дарбон: - Ҳама рафтанд, дарҳоро мебандем. Зудтар бошед.
Занҳо: - Меравем, меравем, ҳозир..
Ровӣ: -Ҳама мераванд.
(Мусиқӣ)
САҲНАИ- II
Ровӣ: -Дафтари раиси ҷамоат. Раис машғули кор аст. Аз дар занҳо ворид мешаванд.
Раиси ҷамоат: - Марҳамат
Занҳо: - Салом. Мумкин раис.
Раиси ҷамоат: - Мумкин, гузаред. Кадом шамолҳо паронд. Аслан ба идораи мо зану мардҳои бекор шикоят менамоянд. Шумо ду нафар худоро шукр, аз шунидам дар корхонаи дўзандагӣ кор мекунед. Ҳа … ягон тую маърака доштагистед. Ҳамин хел?
Ширин: - Не, раис тўю маърака не. Назди Шумо барои кўмак омадем.
Раиси ҷамоат: - Шумо кўмак мекунед, ё ман?
Ҳарду - Шумо раис, Шумо ба мо кўмак кунед. Маслиҳат дихед. Мушкиламонро осон кунед.
Раиси ҷамоат: - Агар аз ўҳдааш мебаромада бошам, ҳатман кўмак мекунам. Чи хабар? Чи масъала?
Ровӣ: Занҳо ба сўи ҳам менигаранд, ки кадом бояд фаҳмонад. Бо ишора зани ҳомила Шоира оғоз мекунад.
Ширин: - Медонед чӣ, раис, то дина корхонаамон гўё бад набуд. Корхона, кор, зиндагӣ, ҳамин. Лекин чи бало шуду раиси корхонаамон ба мо муросо намекунад. Хайр ҳа, ман кўдаки ширмак дорам. Зани Муродҷон бошад Ба зани ҳомила ишора мекунад, дуҷон аст.
Раиси ҷамоат: - Муродҷон, писари худораҳматии Мухтор?
Шоира: - Бале, ҳамон кас.
Раиси ҷамоат: - Муродҷон чи хел? Пул намефиристад?
Ширин: - Мефиристад. Худам кор мекардам. Ҳоло намедонам се моҳ шуд, ки хомўш. На пай ҳаст на ҳайдар. Ана барои хамин хам назди Шумо омадем. Раисамон хаёлам моро ноҳақ аз кор пеш кард. Ҳам маро ҳам ва ҳам зани Муродҷонро. Ҳарчанд гуфтем шикоят мекунем моро нафаҳмид. Шумо чи маслиҳат медиҳед? Ба ягон идораи боло шикоят кунем, ё…
Раиси ҷамоат : - Аз нигоҳи ман аз рўи қонун раисатон хақ нест. О, вай дар ин вазъияте, ки Шумоён доред набояд, ин корро мекард. Медонед, чӣ ман ҳоло ҳуқуқшиносамонро даъват мекунам. Агар қонун дар тарафи Шумо бошад корро хамин тавр намемонем. Хуб.
Рови: Раис бо телефонии дасти занг мезанад.
Раиси ҷамоат: - Ёдгорҷон як дақиқа назди мо биё. Хуб! Э бале. Ҳозир меояд. Ба фикри шахсии ман қонун дар тарафи шумост. Раис як кам гузарондааст.
Ровӣ: Аз дар Ёдгор медарояд.
Ёдгор: Салом, мумкин. Чӣ гап раис. Тинҷи-мӣ?
Раиси ҷамоат: - Тинҷӣ, тинҷӣ, ана чӣ хабар, раиси корхонаи деҳа ин ҳарду хоҳарро, ки яке кўдаки ширмак ва дигаре ҳомила аст аз кор пеш карда аст. Оё аз рўи қонун ў ба ин амал ҳақ дорад? Ана Ҳамин шарҳро аз шумо нигаронем.
Ёдгор: - Аз рўи қонун дар бораи меҳнат, кордиҳанда ҳуқуқ надорад аз корхонааш зани ҳомила ва ё зани кўдаки ширмакдоштаро аз кор пеш кунад. Ин ҳукм дар қонун навишта шудааст. Агар онҳо ба суд муроҷиат кунанд ҳақ мебароянд. Кўтоҳ, ана ҳамин. Агар боз суол бошад, марҳамат?
Раис: - Не ҳамааш ҳамин.
Ёдгор: - Агар кори дигар набошад ба ман иҷозат диҳед равам.
Раис: - Иҷозат. Мушкили моро осон кардӣ.
Занҳо: - Ба шумо ташаккур.
Раис: - То ба суд муроҷиат кардан як бор ман бо худи он кас сўҳбат мекунам. Ба ҳар ҳол ў ҳам барои деҳа хеле заҳмат кашид. Агар нафаҳмад, баъд шикоят мекунем. Дуруст?
Занҳо: - Дуруст, дуруст.
Раис: - Пагоҳ ман ҳамроҳи шумо наздаш медароям. Хайр, то пагоҳ, Худо нигаҳдори Шумо.
Занҳо: - Худо нигаҳдори Шумо.
Ровӣ : Занҳо мераванд
(Мусиқӣ)
CАҲНАИ - III
Ровӣ: Дафтари раиси корхонаи дўзандагӣ. Телефонии болои миз занг мезанад.
Раис: - Лаббай! Ки омадааст? Раиси ҷамоат? Майлаш монед гузарад. Ўро пеши ман гусел кунед. Чӣ? киҳо кадом занҳо? … Ҳамонҳое, ки пеш кардем? … Онҳо якҷояанд… Не. Танҳо раисро гусел кунед. Занҳо ҳамон ҷо истодан гиранд. Онҳоро нагузоред. … Чи коре, ки мекунанд кардани гиранд. Тамом танҳо раисро …. Хуб
Ровӣ: Раиси корхона осемасарона дафтарашро барои қабули меҳмон омода мекунад. Раиси ҷамоат аз дар ворид мешавад.
Раиси ҷамоат: - Салом мумкин аст?
Раис: - Салом, мумкин аст.
Раиси ҷамоат: - Бисёр сахт гирифтӣ, раис.
Раис: Не! Кор, тартиб набошад намешавад.
Раиси ҷамоат: Тартиб дурусту лекин онҳо аз коргархои худат. Наход онҳо ягон гуноҳи азим карда бошанд.
Раис: - Ин гапҳои намешудагӣ. Ҳоли шумо чи тавр. Ба идораи мо хуш омадед. Кадом шамолҳо паронд. Гапи худамона занем хуб нест? Ба умеди ду лави латта димоғҳоямон насузад. Ягон чи фармоям, чой, қаҳва ё аз сафедаш ё сурхаш… кадом?
Раиси ҷамоат: - Агар ҳатто ҳамон лави латта буданашонро эҳтиром мекардӣ, онҳо аз ту хафа намешуданд.
Раис: - Чаро онхо аз ман хафа мешудаанд? Мо чи гуноҳ кардем? Ду се сол боз аз пушти ҳамон корхона нон хурданд. Обу рўй гирифтанд. шикамҳояшон аз гуруснагӣ роҳид, ки акнун шикоят карда мегарданд. Шумо раис ба ин корҳо дахолат накунед. Инҷо корхона. Ҳисобу ҳасад дорад. Агар онҳо ҳар рўз ҳомила шаванду бача зоянд, мо кадом гўр равем?
Раиси ҷамоат: - Ҳисобу ҳасаб дурусту дунё ҳам беҳисоб нест. Қонун ҳаст. Аз рўи қонун амал кунед. Холо бошад аз рўи он чи ки дар қонун навишта шудааст, шумо ҳақ нестед.
Раис: - Наход? Дар қонун чи навишта шудааст?
Раиси ҷамоат: - Навишта шудааст, ки кордиҳанда, яъне Шумо ҳақ надоред зани ҳомила ва зани кўдаки то сесола доштаро аз кор холи кунед. Агар онҳо ба суд муроҷиат кунанд, мурофиа ба фоидаи онҳо ҷҷамъбаст мегардад.
Раис: - Суд, мурофиа… Раис натарсонед!
Раиси ҷамоат: - Наметарсонам. Танҳо аз пешатон гузашта истодаем. Ман онҳоро розӣ кунондам, ки як бор омада аз пеши Шумо гузарем. Обу рўятон мерезад. Ҳамин ба Шумо даркор? Агар ҳоло ҳам шумо муқобил бошед ман маҷбурам бо онҳо бошам. Онҳо бошанд ҳатман ғолиб мешаванд. Чи гуфтед? Онҳоро барқарор мекунед? Ба хотири кўдаконашон барқарор кунед. Савоб мегиред.
Раис: - Шумо сахт боварӣ доред, ки онҳо ҳаққанд?
Раиси ҷамоат: - Мутмаинам!
Раис: - Ман илоҷи дигар надорам?
Раиси ҷамоат: - Надоред.
Раис: - Хуб Шумо тинҷ шавед. Мо илоҷи ин корро меёбем. Ман онҳоро розӣ мекунонам.
Ровӣ: Онхо худоҳофизӣ мекунанд. Фардои он рўз ҳардуи зан ки аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карданд ба кор ҳозир шуданд.
(Садои мошинаҳои дузандагӣ)