Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуна Чориева, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс байни занон барои Ҷоми хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сусиёлистӣ Камшат Доненбоева дар шаҳри Қӯстанайи Қазоқистон медали тилло ба даст овард.

Дар ин мусобиқот, ки 66 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон ширкат доштанд, занон аз рӯи 10 дараҷаи вазнҳо қувваозмоӣ карданд.

Мирзо Шамсиев, мураббии Мавзуна Чориева, ба радиои Озодӣ гуфт, шогирдаш дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм бар ду рақиби худ аз Қазоқистон пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ муштзани Ҳиндустонро шикаст дод.

Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев ин мусобиқа барои Мавзуна Чориева як навъ санҷише буд пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки аз 7-ум то 18-уми сентябр дар Барбадос доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Мавзуна Чориева, ки 1-уми октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст, имсол аввалин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG