Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти раҳбари донишкада аз вазири маориф


Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмоновро ба таҳқиру тӯҳмати ин донишкада айбдор медонад
Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмоновро ба таҳқиру тӯҳмати ин донишкада айбдор медонад

Садриддин Акрамов, раҳбари Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот, аз вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурда, тақозо кардааст, ки нисбати вазир парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Оқои Акрамов дар аризаи даъвогии худ вазири маорифро ба таҳқиру тӯҳмат нисбати ин донишкада айбдор медонад. Ба гуфтаи ӯ, Раҳмонов дар як нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки дар Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот асосан мухолифони президент ҷамъ омада, дар ин муассиса тарғиботи зиддиҳукуматӣ ҷой дорад ва вазир бе ягон далелу асос дархост намудааст, ки фаъолияти онҳо қатъ карда шавад:

«Дар асоси охирон қароре, ки додгоҳ баровард ва дар пайи он вазорати маориф иҷозатномаи донишкадаи моро аз феҳрасти давлатӣ хат задааст ва барои ҳамон мактубе, ки вазир ба унвони президент барои бастани ин донишкада ирсол намуду он ба мо нишон дода намешавад, мо маҷбур шудем, ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо ҷавобгарии ҷиноятӣ муроҷиат кунем. Дигар чорае надоштем, ба ҷуз ин чун аз 2 комиссияе, ки аз ҷониби ҳукумату вазорат омад, далелҳое, ки вазири маориф пешниҳод карда буд, асосҳои худро наёфт».

Садриддин Акрамов раиси Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобиротӣ ҳамчунин дар шикояти худ ба додгоҳи Шоҳмансур аз вазири маориф талаб кардааст, то тамоми хисороти моддиву маънавии дар муддати як соли муноқишаҳо ба донишгоҳ расонида шуда, ҷуброн кунад.

Баҳси вазорат бо донишкада

Бояд гуфт, баҳси додгоҳии вазорати маорифи кишвар бо донишкадаи мазкур, ки бештар аз 1 сол аст идома дорад, аз моҳи июли соли 2009 шурӯъ шуд. Вазорати маориф мегӯяд, баъд аз як санҷиш тасмим гирифт, ба далели ба талаботи мактаби олӣ ҷавобгӯ набудан фаъолияти донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот баста шавад.

Аммо масъулини донишгоҳ ин дархосту эродҳои вазорат беасос мехонанд ва мегӯянд, қазия дар пайи хусуматҳои хусусӣ сар задааст.
Дар зимн ахиран як дипломати амрикоӣ ҳам дар пайи як нишасти хабарӣ бидуни муаррифии исми худ гуфт, тамоми марҳилаҳои ин қазияро пайгирӣ карда, ба хулосае омадааст, ки вазорати маориф то ба ҳол ба таври ошкорро сабаби аслии бозхонди муҷаввизи ин донишгоҳро мушаххас нагуфтааст. Ин дипломат ҳадс мезанад, ки як иллати қаҳри мақомот дар фаъолияти шахсиятҳои маъруфи мухолифи давлат дар ин донишкада аст.

Сабаби дигарро ӯ ба собиқ раҳбари ин донишкада марбут медонад, ки барои ришваситонӣ аз ин даргоҳ ронда шуда буд. Аммо ба андешаи дипломати амрикоӣ, дар ҳар сурат манъи фаъолияти донишгоҳи технологияи иноватсионӣ ва комуникатсия барои ояндаи маорифи Тоҷикистон паёмади хуб надорад ва ин нишони он аст, ки вазорати моариф фаъолияти донишгоҳҳои хусусиро дар кишвар хуш надорад.

Аммо вазири маорифи кишвар дар наишасти ахири хабарии худ ба рӯзноманигорон гуфт, ҳамаи қарорҳои додгоҳи иқтисодии кишвар, ки ба нафъи вазорат анҷом ёфтааст, дар доираи қонунҳои Тоҷикистон бароварда шудааст ва бояд донишкада баста ва донишҷӯён ба дигар донишгоҳҳо интиқол дода шаванд:

«Ин ҷо ягон ғараз нест. Мо тамоми донишҷӯёнро ба муассисаҳои таълимӣ тақсим мекунем. Он устодҳое, ки дар ҳақиқат ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд, мо онҳоро дар ассои озмун бо ҷойи кор таъмин мекунем, лекин касоне, ки тасодуфианд ва ба талабот қонеъгӯ нестанд, онҳо қабул карда намешаванд.»


Номаи донишкада ба президент

Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран донишҷӯён омӯзгорон ва ҳатто довталабони донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот бо пахши як изҳорот ба президент ва ҳукумати Тоҷикистон ва ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ муроҷиат карда гуфтаанд, ки ба сифати эътироз аз ин амалҳои вазорати маориф ва суди иқтисодӣ дар сурати баста шудани донишкада идомаи таҳсил ва фаъолияти худро дар муассисаҳои дигар рад мекунанд.

Ва аммо бо вуҷуди манъи қабули довталабон ба донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот, дар мавсими қабули имсола аз сӯи вазорати маориф, ин муассиса мисли дигар донишгоҳҳои кишвар ба қабули донишҷӯён омодагӣ мегирад ва ин шабу рӯз дар он имтиҳоноти қабул идома дорад.

Садриддин Акрамов, раҳбари ДНФМ, мегӯяд, новобаста ба кашмакашҳову муноқишаҳои додгоҳӣ ва норӯшан боқӣ мондани сарнавишти ояндаи ин муассиса, имсол беш аз 300 довталаб ба донишкада ҳуҷҷат супурдаанд. Ҳарчанд мегӯяд ӯ, онҳо бо нашри эълонҳо довталабонро аз қазияи донишгоҳ огоҳ кардаанд:

«Ман махсусан ба истодагарии довталабон ҳайрон шудам, ки барои идомаи фахолияти донишкада дар изҳороти ахири мо ҳам даст гузоштанд. Ва мо ҳам кӯшиш мекунем, ба ин боварӣ довталабон сазовор бошем.»

Ситора ҳам яке аз довталабони ДНФМ аст. Аз ӯ мепурсем, ки чаро бо вуҷуди норӯшан будани ояндаи донишкада ва баҳсҳои додгоҳии беохири он ӯ барои таҳсил маҳз ин донишкадаро интихоб кардааст?

Вай гуфт, «нафароне, ки дар ин донишкада мехонанд, мегӯянд, мутахассисони хуб дарс медиҳанд, дар он ҷо, дарсҳо хубанд, маълумоти байналмилаллӣ медиҳанд. Бовар надорем, ки он баста мешавад ба ҳар ҳол мо орзӯ мекунем ва умедамон ба ин донишкада аст.»

Донишкадаи байнулмилалии навовариҳои фаннӣ ва мухобироти Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун муассисаи хусусӣ таъсис дода шудааст ва то имрӯз дар он беш аз 2000 донишҷӯ таҳсили илм дорад. Масъулини донишгоҳ мегӯянд, онҳо то ҳадди охир дар мавқеи худ устувор мемонанд ва барои дифоъ аз хуқуқхои худ ба додгоҳи шикоятӣ ва омбудсмени Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG