Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании ҷавонони тоҷику ӯзбаку қирғиз


Дар вилояти Ботканди Қирғизистон баҳси гурӯҳе аз ҷавонони ӯзбаку қирғизу тоҷик дар як чойхона ба занозанӣ печидааст. Дар ҷараёни муноқиша дар рустои Масалиев, ки даҳҳо нафар ба он ҳамроҳ шудаанд, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, барои хотима додан ба ин занозании ҷавонони тоҷику қирғизу ӯзбак, маъмурони амниятии Қирғизистон ба ҳаво тир андохтаанд. Нӯҳ нафарро бо иттиҳоми барангехтани муноқиша боздошт кардаанд. Дар вилояти Ботканд, ки тақсимбандии печидае дорад, маҳаллаҳои тоҷикнишину ӯзбакшинишин ҳам ҳаст.
XS
SM
MD
LG