Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти бисёрзанӣ дар Тоҷикистон


Ҳунармандони театри Лоҳутии пойтахт ҳангоми иҷрои барнома дар дафтари Озодӣ
Ҳунармандони театри Лоҳутии пойтахт ҳангоми иҷрои барнома дар дафтари Озодӣ

Шумораи аввали барномаи нави Озодӣ - "Театр дар назди микрофон", ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Амрико омода шудааст, ба мушкили бисёрзанӣ дар Тоҷикистон марбут аст. Нақшҳоро ҳунармандони театри Лоҳутии пойтахт офаридаанд.

Муаллиф: Қурбони Собир

Ширкаткунандагон: Ровӣ, Модар, Фарзанди бемор, Фарҳод, Меҳрӣ, Адвокат, Судя, Котиб, Занҳо, шоҳидҳо, Назоратчӣ, Падар.

Барномаро бо пахши ишораи аудио дар гӯшаи рости саҳифа гӯш кунед.

Саҳнаи 1

Дар ин хона як ҷевони нимафрсуда ва як ҷойхоб ҳозир аст. Модар: Фарзанди беморро оварда дар ҷойгоҳ мехобонад. Ба рўбучини хона машғул мешавад. Бемор ба як нуқта нигоҳ карда бо овози дарднок садо мебарорад.

Фарзанди бемор: -Оча, об те. (Модар: бо табассум сўи фарзандаш нигоҳ мекунад. Об меорад, менӯшонад) – Оча ман мехоҳам …..

Модар: - Медонам, ту мехоҳӣ сиҳат шавӣ. Мехоҳӣ ...

Фарзанди бемор: - Модар:, Падарам моро чаро партофт?

Модар: - Ӯ роҳи нодурустро интихоб кард.

Фарзанди бемор: - Қариб як сол мешавад, ки падараамро надидаам.

Модар: - Ғам нахур духтарам, ҳолаш хуб аст. Набошад, чи гуна метавонист моро хонабадўш гардонад. Хонаю дари озодаро фурӯхт. Барои
зани ҷавонаш хона харид. Мегўянд, ки боз зан гирифтааст. Пулаш бисёр, кораш бевабозӣ, … қимор… Тақдиру насиб духтарыонам, тақдиру насиб. (Баробари ҳар як сухани Модар Фарзанди бемор бо табассуми пурдард розиёна сар меҷунбонад).

Ровӣ: Бемор сабаби нокомихои хонаводаро дар бемории худаш мебинад.

Фарзанди бемор: - Ман мехоҳам пул кор кунам.

Модар: (Дар чашмони Модар: ашк ҳалқа мезанад). - Ҳа … бачем, ҳа… Калон мешавӣ, сиҳат мешавӣ, пулдор мешавӣ. Ҳамроҳи акачонат моро пушту паноҳ мешавӣ. Ҳозир ки акаат аз хоб хест, ҳамроҳ чой менўшем, майлаш….Фарҳодҷон хез бачаҷон вақти дарсравиат шуд. Хез!

Ровӣ: Фарҳод: аз хонаи хоб.

Фарҳод: (Аз паси парда) – Ман ба мактаб намеравам.

Модар: - Чаро? Меравӣ, … меравӣ, … хез!

Ровӣ: Фарҳод: ба хона медарояд.

Фарҳод: (Пайдо мешавад). – Ман ба мактаб намеравам! (Ба сўи ташноб рўйшўӣ меравад)

Модар: - Зуд бош!... Зуд бош! Якравӣ накун!

Ровӣ: Фарҳод: ҷои пойафзоли даридаашро ба Модар нишон медиҳад.

Фарҳод: (Бо пойафзоли дарида). – Пояфзолам сўрох шудааст, об медарояд. Ман шарм медорам. Ба ҳолам механданд.

Ровӣ: Фарҳод пойафзолро аз болои сари хоҳари бемораш ба девор мезанад.

Модар: - Ба ҳоли ман намеханданд? Чӣ кор кунам, бачаҷон! Чӣ кор кунам? Доруҳои хоҳаратро харидан даркор. Пули обро додан даркор. Пули барқро додан даркор. Ҳар рўз пушти дарамон ду, се кас – «Пулро супор» гуфта ҳозир. Тоқат кун. Ин дафъа имконият шуд, ба ту пойафзол мехарем.

(Мегиряд).

Ровӣ: Дар авҷи ҷанҷоли Фарҳоду Модар, дарди Фарзанди бемор хуруҷ мекунад, бемор аз хуш меравад аз болои курси ба замин меафтад.
(Дар авҷи ҷанҷоли писари хурдӣ ва Модар дарди Фарзанди бемор хуруҷ мекунад).

Фарҳод: - Очаҷон, хоҳарам…(Ба даҳони бемор қошуқ меандозан, ўро шамол медиҳанд).

Модар: (Ба Фарҳод) – Давида холаи Меҳрӣ:атро ҷеғ зан. (Фарҳод: давида меравад ва баъди чанд фосила бо холаи Меҳрӣ: бармегардад)

Меҳрӣ: - Чӣ шуд?

Модар: - Дардаш гирифт. (Беморро ба худ меоранд). Доруҳояш тамом шудааст. Вазъиятамон бад аст дугонаҷон, намедонам чӣ кор кунам?..

Меҳрӣ: - Ту ин қадар зани соддаву якрав ҳастӣ. Ба ту чанд бор гуфтам аз гиребони шавҳарат гир.

Модар: - Э мон ҳамон занакбозро, Меҳриҷон! Пулаш ҳам даркор не! Худаш ҳам даркор не!

Меҳрӣ: - Э ҳа! Худашу пулаш дар гўр, майлаш, о лекин ҳаққи бачаҳоятро талаб кун. Алиментро бигузор диҳад!

Модар: - Мардаки бачадор, Ки дар бораи фарзандҳояш фикр накунад, бигузор. Э рўяш дар гўр. Аз ў ҳеҷ чиз намехоҳам.

Меҳрӣ: - Ин ғурури ту, дугонаҷон, ба ҳаққи бачаҳоят ҳеҷ алоқа надорад. Аҳволатон рўз ба рўз бад аст. Чӣ тавр зиндагӣ мекунӣ?

Модар: - Гадои сақои мекунему пеши ў сар хам намекунем.

Меҳрӣ: - Сар хам кардон даркор не! Қонун дар тарафи туст. Ба суд муроҷиат кун, бигузор онҳо ҳал кунанд.

Модар: - Қонун ҳам дар тарафи ўст. Дугонаҷон, мани сарсахт, ҳамон ақти никоҳи қонуниро ҳам надорам. Ҳамон қогаз мебуд, хайр,
майлаш буд. Аммо ҳамонро ҳам надорам.

Меҳрӣ: - Э сари қоқам гўй!

Модар: - Э сари қоқам! (Аз ҷой мехезад). Фарҳодҷон! Фарҳодҷон!

Фарҳод: (Аз пушт) Ҳа!

Модар: - Ба дарсат дер монди, бачем! Зуд бош!

Фарҳод: - Ба мактаб намеравам.

Модар: - Маро асабӣ накун, меравӣ….. меравӣ!

Ровӣ: Дари хонаро мекўбанд. Модар: дарро боз мекунад. Назоратчӣ аз дар ворид мешавад.

Назоратчӣ: - Салом апаҷон!

Модар: - Салом!

Назоратчӣ: - Апаҷон, ин сеюм маротиба аст, ки меояму дасти холи меравам. Агар ҳоло пули барқро пардохт накунед, хати барқатонро
мебурам.

Модар: - Додарҷон, пул нест. Бачаи касалӣ дорам, ин дигараш пои луч аст. Пойафзол надорад. Имрўз ба мактаб ҳам нарафт. Ба ҳоли мо
раҳм кунед.

Назоратчӣ: - Не, апаҷон, ин хел намешавад. Ман гап мешунавам, чарогатонро мебуррам. О шавҳаратон ранг ба ранг бо мошинҳои
хориҷӣ мегардаду шумо пули барқро пардохт карда наметавонед. Таммом! Мебуррам!

Ровӣ: Назоратчӣ ба берун мебарояд баъди як муддат дар хона барқ хомўш мешавад.

Меҳрӣ: - Шавҳарат ору номус надоштааст. Наход ду писари ҳалол дошта бошию, пулу моли дунёро дошта бошию, аз ҳоли онҳо бохабар
набошӣ. Марги ин хел пулдорӣ, марги ин хел Падарӣ

Сукут

Ровӣ: Бемор комилан ба худ меояд.

Меҳрӣ: - Гўш кун дугонаҷон як фикр ба сарам омад.

Модар: - Чи фикр?

Меҳрӣ: - Нигоҳ кун, духтари холаи манн ҳам аз шавҳараш бо ду кўдак ҷудо шуд. Манн аниқ медонам ки аҳди никоҳи қонуни надошт.
Лекин инро ҳам аниқ медонам, ки вай барои ҳарду кўдакаш қонунӣ алимент мегирад.

Модар: - Чи тавр? Магар ин хел ҳам мешавад?

Меҳрӣ: - Мешавад, намешавад, намедонам, аммо вай алимент мегирад, медонам. Биё назди ягон адвокат равем. Дугонаҷон хез. Хез ин хел ҳам худатро ҳам бачаҳоятро хор мекунӣ. Хез!

Ровӣ: Меҳрӣ: ҳамсояашро кашолакунон аз хона мебарорад.

(Мусиқӣ)

Саҳнаи 2

Ровӣ: Дафтари адвокат. Адвокат нишастааст. Занҳо медароянд.

Адвокат: - Марҳамат, шинед.

Меҳрӣ: - Ташаккур!

Модар: - Ташаккур! (Мешинанд) .

Адвокат: - Бо ягон шикоят омадед?

Меҳрӣ: - Ха, ин кас ҳамсояам. Мо дугона ҳастем. Шавҳараш вайро бо ду фарзандаш партофта рафт. Худатон медонед зиндаги вазнин. Ҷои кор надорад. Бо садақа зиёд зистан мумкин не. Алимент намегирад. Ҳеч каси кўмак мекардагӣ надорад. Бо ҳамин ният пеши шумо
омадем, ки кўмак кунед.

Адвокат: - Падари фарзандонатон зинда аст?

Модар: - Ҳа, зинда..

Адвокат: - Пас чаро зудтар ба мо муроҷиат накардед. Шумо кайҳо алимент мегирифтед. Қонун шуморо муҳофизат мекард. Хайр, ҳеҷ гап не. Шумо шаҳодатномаи ақди никоҳатонро биёред, ман ба шумо кўмак мекунам. Ба суд ариза менависем масъала ҳал мешаад.

Модар: (Мегиряд) - Сабаби дер омадану муроҷиат накарданам ҳам ҳамин буд, ки ман шаҳодатномаи ақди никоҳ надорам. Мо тўй шудем, аммо ЗАГС накардем.

Адвокат: - Ором шавед! Гиря накунед, мо шуморо муҳофизат мекунем. Агар шумо Ҳатто шаҳодатномаи ақди никоҳ надошта бошед ҳам, ҳаққи алиментро аз шавҳаратон гирифтан доред. Фаҳмо! Ором шавед. Бачаҳоятон шаҳодатномаи таваллуд доранд?

Модар: - Ҳа, доранд.

Адвокат: - Он ҷо номи шавҳаратон навишта шудааст?

Модар: - Не, бо фамилияи худам ҳуҷҷат доранд

Адвокат: - Фаҳмо! Шумо бояд як миқдор далелҳои бо ҳам зистанатонро ҷамъоварӣ кунед. Зарур аст ки аз хешони шавҳаратон шаҳoдати ҳамзистиатонро гиред. Аз ҳамсояҳо, аз дўстонатон, гирифтан даркор. Агар дар хонаатон аксҳои оилавиатон бошад, ҷамъ кунед. Шавҳаратон бо бачаҳояш сурат нагирифта буд?

Модар: - Ин хел сурат дорем.

Адвокат: - Бисёр хуб. ҳатман аз намояндагони ҷамоат шаҳодати ҳамзистиатонро гиред. Ин хело муҳим аст. Шумо ҳамаи далелҳо ва ҳуҷҷатҳое ки номбар кардам ҷамъ биёваред. Он гоҳ бо ариза ба суд барои муайян кардани Падар:ӣ муроҷиат мекунем. Фаҳмо?.

Модар: - Наход ин мумкин бошад?

Адвокат: - Мумкин аст. Аз паи кор шавед.

Меҳрӣ: - Ташаккур, шумо ба мо кўмак кардед.

Адвокат: - Ин қарзи мост. Хуш омадед.

Модар: - Хайр!

Меҳрӣ: - Хайр!

Ровӣ: - Зан ва Меҳрӣ: хушу хурсанд мераванд

(Мусиқӣ)

Саҳнаи 3

Ровӣ: Муҳити идораи суд. Аз ду канор чанд нафари нишастаанд. Қаҳрамонҳо ҳозиранд.

Судя: -Ҷавобгар аз чой хезед!

Ровӣ: Падар: аз ҷой бармехезад.

Судя: - Шахсияти шумо муайян карда мешавад: Ному насаб, руз мох, соли таваллуд, миллат,

Падар: - Зуҳуров Назар. Соли таваллудам 1961, миллатам тоҷик.

Судя: - Маълумот, ҷои кор, ҷои зист?

Падар: - Маълумотам олӣ, соҳибкор, ҷои зистам шаҳри Душанбе

Судя: - Даъвогар Фирӯза Мардонова «оиди муқаррар намудани Падарӣ ва рӯёнидани алимент» ба суд муроҷиат кардааст. Бо аризаи
даъвогӣ шинос шудед?

Падар: - Бале

Судя: - Оиди ин даъво чӣ гуфта метавонед?

Падар: - Дар хақиқат бо даъвогар Фирӯза дар қайди никоҳи мусулмонӣ будем, соҳиби ду фарзанд гаштем: Насиба ва Фарҳод:.

Суд: - Муддати чанд вақт аст, ки барои тарбияву таъминоти фарзандонатон ягон ёрии модди намерасонед?

Падар: - Зиёда аз як сол мешавад.

Судя: - Шумо медонед, ки як фарзандатон бемор аст?

Падар: - Медонам.

Судя: - Бо кадом сабаб ба фарзандонатон ёрии модди намерасонед.

Падар: - …

Судя: - Даъвогар талаб кардааст, ки аз ҳисоби шумо барои нигоҳубини фарзандонатон ҳар моҳ алимент рӯёнида шавад, шумо чӣ гуфта метавонед?

Падар: - Ман иқрорам, ки онҳо фарзандони ман ҳастанд, тайёрам ки ҳар моҳ барои фарзандонам алимент супорам ва илова бар ин барои хароҷоти иловагӣ кумак расонам.

Ровӣ: Суд ба хонаи машварат меравад.

Мусиқӣ

Судя: - Даъвои Фирӯза Мардонова нисбати Зуҳуров Назар «оиди муқаррар намудаи Падарӣ ва рӯёнидани алимент» конеъ карда шавад.
Ф.И.О. ҷавобгар-Падари Насиба ва Фарҳод муқаррар карда шавад. Аз хисоби ҷавобгар барои нигоҳубини фарзандон ба фоидаи даъвогар Фирӯза Мардонова ҳар моҳ алимент ба тариқи устувор ба андозаи 200 сомон барои ҳар як фарзанд ҷамъ ба маблағи 400 сомонӣ ҳар моҳ рӯёнида шавад.

Ровӣ: Духтари бемор аз анҷоми мурофиа ба фоидаи Модараш қаноатманд аст. Беҳолона мерақсад ва ниҳоят мо авҷи парвози рақсро шоҳид мегардем.
XS
SM
MD
LG