Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучархасаворони ҷаҳонгард ба Душанбе баргаштанд


Ду ҷаҳонгарди дучархасавори тоҷик, ки моҳи апрел ба сафари 100-рӯзаи ҷаҳон баромада буданд, 13 ҳазор километрро пушти сар карда, зуҳри имрӯз вориди шаҳри Душанбе шуданд.

Алишер Хушвахтови 25- сола, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, ва Саидалӣ Азизови 27-сола, муаллими мактаби миёнаи шумораи 28-и шаҳри Душанбе, ки 20-уми апрели соли равон бо дучарха ё велосипед аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба сафари 100-рӯза баромаданд.



Онҳо аз Душанбе то Минск дар муддати якуним моҳ қариб 7 ҳазор километр роҳро тай намуданд. Хати ҳаракати онҳо аз роҳҳои 6 кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Украина ва Беларус ҷараён дошт. Сокинони шаҳрҳои Ӯш, Бишкек, Алматӣ, Остона, Челябинск, Екатеринбург, Перм, Қазон, Нижний Новгород, Маскав, Киев ва Минск ҷаҳонгардони тоҷикро хуб истиқбол карданд.

Алишер Хушвахтов, мегӯяд: «Мо ҳаррӯз дар муддати 11 соат масофаи 220 километрро тай мекардем. Сафари дарозмуддат пур аз мушкилот аст, вале мо ки азм намудем, ҳатман ин роҳро тай кунем».

Саидалӣ Азизов, сайёҳи дигари тоҷик, мегӯяд, сафари дарозмуддати онҳо таҳти шиори «Варзиш - қосиди сулҳ» сурат гирифтааст.

Бозгашти дучархаронҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG