Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ: Эрон шарики наздики Тоҷикистон аст


Давлати Тоҷикистон дигарбора таъкид кард, ки аз ҳаққи Эрон барои истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ ҳимоят мекунад. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷи Тоҷикистон аз Эрон ба ҳайси як шарики наздики Тоҷикистон ном бурдааст.


Ҳамрохон Зарифӣ гуфтааст: “Дар робита ба барномаҳои атомии Эрон мавқеъи моро, раиси ҷумҳури кишвар ба таври возеҳ гуфтааст, ки мо мухолифи сохтани бомби атомӣ дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла Эрон ҳастем. Аммо айни замон мо аз ҳаққи Эрон ҷиҳати анҷоми мутолиоти ҳастаӣ бо аҳдофи сулҳомез ба таври комил ҳимоят мекунем”.

Таъкиди давлати Тоҷикистон ба ҳимоят аз ҳаққи Эрон барои барномаҳои сулҳомези атомӣ дар ҳолест, ки начандон пеш, Шӯрои Амнияти Созмони Милал бинобар сарпечии Эрон аз мутаваққиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, даври чаҳоруми таҳримоти байналмилалиро алайҳи он кишвар эъмол кард.

Таҳримҳои алайҳи Эрон

Ин таҳримот дар рӯзе эъмол шуд, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон қарор дошт ва таҳримоти Созмони Милалро, беарзиш хонда ва гуфт он таҳримот ба “пашизе” намеарзад.

Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо низ таҳримоти дарднокеро алайҳи Эрон эъмол карданд, ки намегузоранд, то ширкатҳои хориҷӣ ба бахшҳои муҳим, аз ҷумла бахши истихроҷи нафту газ дар Эрон сармоягузорӣ кунанд. Қудратҳои Ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ бомби атомӣ бисозад.

Иддаъое, ки давлати Эрон ҳамвора рад карда мегӯяд, барномаҳои атомиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқи атомист. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки доир ба фаъолияти вазорат дар ним соли гузашта гузориш медод, аз густариши равобити Тоҷикистону Эрон сӯҳбат кард. Ӯ аз ду сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва ҳамчунин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ёдовар шуд ва ҳамкориҳои кишварро дар сатҳи баланд тавсиф кард.

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба муштаракоти таърихӣ суннат ва фарҳангии миллатҳои Эрону Тоҷикистон ишора кард ва гуфт:

“Эрон дар иҷрои тарҳҳои иқтисодии мо ҳузури фаъол дорад. Мо умедворем, ки соли оянда шоҳид баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 2 ва ҳам анҷоми бунёди нақби Истиқлол бошем. Ҳамчунин соҳибкорони Эрон бо ҳамкорони тоҷики худ ҳамкориҳои бисёр хуб дошта ва ду кишвар имконоти хубе барои густариши ҳамкориҳо доранд“.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, дар бахши дигаре аз суханонаш ба авзоъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ низ пардохт, ки баъди ҳаводиси Қирғизистон таҳдид ба суботи он бештар шудааст.

"Асосе барои низоъ миёни тоҷику ӯзбакҳо вуҷуд надорад"

Ӯ бо ишора ба вазъи ноороми Қирғизистон сӯҳбат карда, ин кишварро як шарики стротегии Тоҷикистон ном бурд ва гуфт, умедвор аст, интихоботи порлумонии моҳи октябр дар Қирғизистон, “пояҳои давлатдории Қирғизистонро таҳким мебахшад” ва Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо Қирғизистонро дар заминаи содироти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи об дар минтақа тақвият мебахшад.

Муноқишаи байни қирғизу ӯзбакҳо дар ҷануби Қирғизистон дар моҳи гузашта бештар аз 300 нафар кушта ва даҳҳо ҳазор тани дигар бехонумон шуданд. Ҳамроҳхон Зарифӣ дар суоле дар иртибот ба эҳтимоли муноқиша миёни тоҷику ӯзбакҳо дар қаламрави Тоҷикистон гуфт, сару садои расонаҳои русӣ дар ин маврид аз ҳангомае беш нест:

“Ба андешаи ман, ин гуфтаҳо бофтаву сохтаҳои нерӯҳои муайяне аст, ки ҳадафашон бесуботӣ дар Тоҷикистону Ӯзбакистон ва умуман субот дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳеҷ асосе барои низоъ миёни тоҷику ӯзбакҳо вуҷуд надорад. Ӯзбакҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, шаҳрвандони кишвари мо ҳастанд. Онҳо шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистонанд. Агар дар ёд дошта бошед, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳодисае дар заминаи қавмӣ рух надодааст”.

Айни замон Ҳамроҳхон Зарифӣ эътироф кард, ки дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон ихтилофоти назар ҳамчунон дар масоили усулӣ, аз ҷумла дар мавриди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва тақсими захираҳои оби Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG