Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ: Тоҷикистон аз барномаи ҳастаии Эрон ҷонибдорӣ мекунад


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш аз барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон аз ҳаққи Эрон барои анҷоми пажӯҳишҳои ҳастаӣ ба манзури истифодаи сулҳомез комилан ҷонибдорӣ мекунад.

Оқои Зарифӣ ҳамчунин афзудааст, Тоҷикистон зидди тавлиди ҳар гуна силоҳи ҳастаӣ, дар ҳар гӯшаи олам, аз ҷумла дар Эрон аст.

Ҳамрохон Зарифӣ муносибатҳои Тоҷикистон бо Эронро рӯ ба густариш унвон карда ва гуфтааст, ки муносибатҳои ду кишвар дар асоси усулҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва СММ ба роҳ монда шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки Эрон дар Тоҷикистон як силсила барномаҳои иқтисодиро роҳандозӣ ва сармоягузорӣ мекунад ва аз ҷумла изҳори итминон кардааст, ки нерӯгоҳи Сангтӯда - 2 то соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад.

Дар ду моҳи пеш Шӯрои Амнияти СММ даври чоруми таҳримҳо алайҳи Эронро ҷорӣ намуд. Ин таҳримҳо ба манзури даст барноштани Эрон аз барномаи баҳсбарангези ҳастаияш мебошад.

Кишварҳои ғарбӣ даъво доранд, ки Эрон таҳти пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаӣ, қасди тавлиди силоҳи ҳастаиро дорад.

Аммо Эрон ҳамвора инро рад карда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш дар ростои баровардани ҳадафҳои сулҳомез, барои тавлиди нерӯ ва низмандиҳои пизишкист.

Ба думболи СММ, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ таҳримҳои якҷонибаеро алайҳи Эрон ҷорӣ намуданд.

Ин таҳримҳо бастани ҳисобҳои бонкии ширкатҳои вобаста ба барномаи ҳастаии Эрон, манъи фурӯши силоҳ он кишвар ва соир маҳдудиятҳоро барои мақомоти эронӣ пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG