Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси обанбори "Фарҳод" ба таъхир гузошта шуд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом кард, ки баҳси Ӯзбакистону Тоҷикистон дар мавриди обанбори "Фарҳод", воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, муваққатан аз рӯзномаи масъалаҳои миёни ду кишвар бардошта шудааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, бо ҳамтои ӯзбакаш дар нишасти раисони Шӯрои вазирон Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба тавофуқ расидаанд, ки муваққатан аз рӯзномаи гуфтушунидҳои ду ҷониб ҳазф шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, баҳси обанбори "Фарҳод" ба ҷараёни тақсиму аломатгузории марзи муштараки Ӯзбакистону Тоҷикистон рабт мегирад, ки дар ҳоли ҳозир рӯйи 140 километри марзи баҳснок тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, баҳси обанбори "Фарҳод" аз умдатарин баҳсҳои миёни ду ҳамсоякишвар аст. Тошканд мехоҳад, ки ин обанбор ҳам моликияти он Узбакистон бошад. Нерӯгоҳи "Фарҳод" шаҳри Тошканд ва навоҳи атрофи онро бо барқ таъмин мекунад.

Ба қавли коршиносон, Тошканд ҳатто розӣ аст, ки бар ивази ин обанбор ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат накунад.

Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор аст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG