Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали варзишгарони тоҷик дар Теҳрон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии камарбандии Осиё байни навҷавонон дар шаҳри Теҳрон се медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Сафар Тошмуродов, мураббии гуштигирони тоҷик, Умедбек Тошмуродов дар рақобатҳо дар вазни то 82 килограмм дар сабки классикӣ мақоми аввалро касб кард. Вай, инчунин, дар сабки озод ғолиб шуд ва бо медали дуввуми тилло сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Имомназар Каримзода низ дар сабки озод соҳиби медали тилло шуд. Ҳамчунин Каримзода дар сабки классикӣ дар вазни то 75 кг ва Табризшо Парпишоев дар вазни то 68 кг медалҳои нуқра ба даст оварданд. Инчунин Парпишоев дар сабки озод медали биринҷӣ гирифт.
XS
SM
MD
LG