Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2010


Дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон қуръакашии Ҷоми ҷумҳурӣ-2010 бо ширкати намояндагони ҳашт даста баргузор шуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар мусобиқаи имсола 8 даста – 5 дастаи лигаи олӣ ва се дастаи лигаи аввал барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд. Вале чаҳор дастаи лигаи олӣ - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб ба иллати камбуди маблағ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2010 даст кашиданд».

Бар асоси қуръакашӣ дар даври 1/4 ниҳоӣ дастаҳои зерин бо ҳам қувва меозмоянд:

«Истиқлол» (Душанбе) – «Энергетик» (Душанбе),

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат),

«Шодмон» (Ҳисор) – «Рангон-Газ» (Рӯдакӣ),

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ҳулбук» (Восеъ).

Ҷуфтҳои 1/2 ниҳоӣ

Ғолиби ҷуфти «Истиклол»/«Энергетик» – ғолиби ҷуфти «Регар-ТадАЗ»/«Хайр».

Ғолиби ҷуфти «Шодмон»/«Рангонгаз» – ғолиби ҷуфти «Хуҷанд»/ «Ҳулбук».

Бозиҳои аввали 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2010 рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август, бозиҳои ҷавобӣ 1-уми сентябр баргузор мешаванд.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2010 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG