Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон вагонҳоро раҳо мекунад


Узбакистон сар аз 21 июл вагонҳои Тоҷикистонро ба тадриҷ раҳо хоҳад кард. Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Узбакистон иттилоъ додааст, ки сабаби дигаре барои манъи ҳаракати вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон вуҷуд надорад.

Тошканд тасмим гирифтааст, сар аз 21-уми июл, ба истиснои вагонҳои ҳомили маводи сохтмонӣ барои нерӯгоҳи Роғун, дигар вагонҳоро марҳила ба марҳила аз 30 то 40 вагон дар як рӯз иҷозаи убур ба хоки Тоҷикистон диҳад.

Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар як нишасти матбуотӣ эълон кард, ки бо ширкати роҳи оҳани Узбакистон дар масъалаи вагонҳое , ки то ҳанӯз дар банд ҳастанд, ба мувофиқа расидаанд.

Амонулло Ҳукумов, сардори ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, гуфт, ки пас аз музокираҳо ҷониби Узбакистон ваъда додааст, ки шумораи вагонҳоро барои убур аз 15 ба 40 шумора мерасонад. Вай мегӯяд, онҳо ҳамеша талош кардаанд, ки ин мушкил бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро пайдо кунанд, ҳарчанд маълум буд, ки ҷониби Узбакистон бидуни ҳеч сабаб қатораҳоро банд карда буд.

Ӯ афзуд: «Рӯзи гузашта муовини якуми роҳи оҳани Узбакистон хабари хӯш дод, ки аз ҳамин рӯз бояд дигар борҳои боздоштшударо раҳо кунанд. Лек як ҳафта пеш ҳам гуфта буданд, ки давоми 4 рӯз сарвазири Узбакистон гуфтааст, ки вагонҳои Хатлон раҳо шавад. Аммо ягон вагон то имрӯз раҳо нашуд. Ба ҳар ҳол ин хушхабар аст, ки мегӯянд, вагонҳои Хатлонро раҳо мекунанд».

Шаш моҳи баҳси вагонҳо

Узбакистон дар ҳаракати вагонҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон сар аз моҳи феврали соли равон монеа эҷод кард. Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи Вахш мухолиф аст ва мегӯяд, то баргузории ташхиси байналмилалӣ роҷеъ ба амният ва зарару манфиати ин тарҳҳо масолеҳи сохтмонии нерӯгоҳҳоро иҷозаи убур аз қаламраваш нахоҳад дод.

Аммо ҷониби Тоҷикистон даъво дорад, ки Узбакистон на танҳо масолеҳи сохтмонии нерӯгоҳҳо, балки маводи ғизоӣ ва сухтро низ иҷозаи муназзами ворид шудан ба Тоҷикистон намедиҳад.

Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳан, мегӯяд, ба хотири ошноии бештар ба вазъ гурӯҳе аз журналистонро ҳафтае пас бо қатораҳои хатти сайри Душанбе-Маскав, ки мусалламан аз истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон мегузарад, ҳамроҳ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мақомоти Роҳи оҳан, тибқи ҳисобҳои пешакӣ танҳо ҳамин ширкат ҳудуди 10 милион доллар ба далели роҳбандии Узбакистон хисорот дидааст.

200 даъвои зарардидагон

Мақомоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамчунин гуфтаанд, ки бештар аз 200 даъво аз сӯи соҳибони молу маводи мухталифи шомили вагонҳо ба унвони ин идора расидааст, ки бинобар ба муддати тулонӣ боздошта шудани вагонҳо моли онҳо, ба хусус анвои хурданию сабзиҷоту меваҳо, гандида бу гирифтааст. Ва ин шикоятҳо тавассути вазорати корҳои хориҷӣ ба ҷониби Узбакистон исрол шудаанд.

Вале ҳоло таҳлилгарон раҳо кардани теъдоди вагонҳоро аз ҷониби Узбакистон дар масъалаи мазкур як қадаме пеш меҳисобанд.

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик, ба ин назар аст, ки «ҳал шудани тамоми мушкилот бо роҳи музокироту гуфтушунид хуб аст. Вале бо вуҷуди раҳо шудан зараре, ки ба Тоҷикистон аз ҳисоби роҳбандӣ расидааст, бояд ҷуброн шавад».

Узбакистон боздошти ғаразноки вагонҳо такзиб мекунад ва таваққуфи молу колои Тоҷикистонро ба тахриби роҳи оҳан бар асари обхезӣ дар вилояти Сурхондарё, тармими он ва ҳатто омода набудани ҷониби тоҷик ба қабули вагонҳо рабт додааст. Айбномае, ки аз тарафи Тоҷикистон рад шудааст.
XS
SM
MD
LG