Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои гуштигири Тоҷикистон дар Мадрид


Виталий Корякин, намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Гран-При оид ба гуштии озод дар пойтахти Испания - шаҳри Мадрид медали тилло ба даст овард.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Виталий Корякин дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг бар се рақибаш дастболо шуда, ба финал баромад.

Дар қувваозмоии ниҳоӣ Корякин бар гуштигири Канада Ҷемс Мансини бо ҳисоби 2-0 ва 3-0 пирӯз гардида, мақоми аввалро касб кард.
XS
SM
MD
LG