Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Камерон ва Обама дар Кохи Сафед


Сарвазири Бритониё, Дейвид Камерон, имрӯз дар Вошингтон бо раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама мулоқот хоҳад кард. Кохи Сафед мегӯяд, масъалаҳои марбут ба Афғонистон дар маркази ин гуфтушунид қарор хоҳанд дошт. Аммо, ба ақидаи коршиносон, мумкин аст, масъалаи нақши ширкати азими Бритиш Петролиум, масъули рехтани нафт дар Халиҷи Мексик дар мулоқот бартарӣ пайдо кунад. Гуфта мешавад, мумкин аст, ки ин ширкат ба хотири ҳамкориҳои нафтӣ бо Либия ҳукумати Бритониёро водор кард, бомбгузори Локербиро аз маҳбаси Шотландия раҳо кунанд.
XS
SM
MD
LG