Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муддаиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Дар бозиҳои даври 16-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 17-ум ва 18-уми июл баргузор шуданд, муддаиёни унвони қаҳрамони Тоҷикистон – тимҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе пирӯзӣ ба даст оварданд.

«Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард. Ду голи мизбононро Иброҳим Рабимов ба самар расонд. Ҳамдастаҳояш Ҷамшед Исмоилов, Давронҷон Тухтасунов ва Ҳасан Рустамов якголӣ заданд. Як голи «Равшан» ба Иззатулло Исҳоқов марбут аст.

«Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Фарҳод Тоҳиров дар нимаи аввали дидор ду гол ва Юсуф Рабиев дар нимаи дуввум як гол заданд.

ССКА «Помир»-и Душанбе бар тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Се голи мизбононро Аъзам Каримов, Габриэл Донто ва Сӯҳроб Шарифов, ду голи меҳмононро Аскар Равшанов ва Шӯҳрат Умаров вориди дарвоза карданд.

Бозии «Хайр»-и Ваҳдат бо дастаи меҳмон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Дар ҳамин ҳол «Регар-ТадАЗ» бо 35 имтиёз аз 13 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. «Истиқлол», ки 34 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои дуввум қарор дорад, вале нисбат ба рақиби аслиаш – «Регар-ТадАЗ» як бозӣ бештар анҷом додааст. «Вахш» бо 24 имтиёз аз 15 бозӣ ҷои севумро касб кардааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 21-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

11

2

0

44-6

35

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

14

10

4

0

31-8

34

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

7

4

4

17-13

25

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

14

7

3

4

23-17

24

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

14

4

5

5

15-21

17

6.

«Энергетик» (Душанбе)

14

4

3

7

17-23

15

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

13

3

2

8

15-26

11

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

13

1

5

7

15-26

8

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

14

0

2

12

7-43

2

Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 14 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ») – 12, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Ду бозии мавқуфмонда:
21-уми июл (чоршанбе)
«Хуҷанд» - «Парвоз» (даври 13-ум)
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» (даври 14-ум)

Даври 17-ум
24-уми июл (шанбе)

«Хуҷанд» - «Равшан»
25-уми июл (якшанбе)
«Энергетик» - «Истиқлол»
«Хайр» - «Регар» ТадАЗ
«Парвоз» - ССКА «Помир

«Муштзанҳо» ҷазо гирифтанд

Федеросиюни футболи Тоҷикистон ду бозигари “Равшан”-и Кӯлоб - Индус Ҳусейнов ва Фирдавс Абдуллоевро барои як сол аз ҳаққи бозӣ дар сабқатҳои федеросиюн маҳрум кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳарду дар бозии даври 15-уми сабқати Лигаи олӣ бо тими «Вахш» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа майдони футболро ба саҳнаи муштзанӣ табдил дода, на танҳо доварон, ҳамчунин баъзе аз футболбозони дастаи мизбонро низ латукӯб карда буданд.

Сардовар Рустам Холов (аз шаҳри Душанбе) Индус Ҳусейновро дар дақиқаи 75-ум ва Фирдавс Абдуллоевро дар дақиқаи 77-ум аз майдон ронда буд.
XS
SM
MD
LG