Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии футбол шуд


Дастаи мунтахаби Испания, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ бар тими миллии Ҳолланд дар замони изофӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барои бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Испания ҳаштумин кишварест, ки Ҷоми ҷаҳонии футболро ба даст овардааст.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ тӯли як моҳ – аз 11-уми июн то 11-уми июл идома кард. Аз байни 32 дастаи мунтахаби панҷ қораи ҷаҳон ду тими миллӣ - Ҳолланд ва Испания ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ин бозии ҳалкунанда, ки дар варзишгоҳи “Соккер Ситӣ”-и шаҳри Йоханнесбург баргузор шуд, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Замони асосии бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон дар замони изофӣ муайян шуд. Голи ягонаро Анрес Инйеста дар дақиқаи 116-ум ба самар расонд.



Испания, ки соли 2008 қаҳрамони Аврупо гардидааст, барои бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Вале аз ин пеш дастоварди назарраси Испания дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон касби ҷои чаҳорум дар соли 1950-ум буд.

Натоиҷи бозиҳои ниҳоӣ

Ҳоланд, ки барои бори севум ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол баромада буд, ин дафъа низ шикаст хӯрд ва бо ҷои дуввум қаноат кард.

Дар бозии ниҳоӣ сардовар Уэбб аз Инглистон, 14 корти зард нишон дод. Инчунин Ҷон Ҳейтинг, ҳимоятгари дастаи Ҳолланд, дар дақиқаи 109-ум корти сурх гирифт ва майдонро тарк кард.

Як рӯз пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои Уругвай ва Олмон барои ҷои 3-юм талош карданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Нелсон Мандела Бей”-и шаҳри Порт-Элизабет баргузор шуд. Дастаи Олмон, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва мисли мусобиқоти пешин (соли 2006) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Се голи Олмонро Т. Мюллер (дақиқаи 18-ум), М.Янсен (56) ва С. Хедира (82) ва ду голи Уругвайро Э.Кавани (28) ва Д. Форлан (51) ба самар расонданд. Дастаи Уругвай, ки ду бор Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварда буд, дар 19-умин давраи Ҷоми ҷаҳонии футбол мақоми чаҳорумро касб кард.

Дастаи Уругвай бо "Тӯби тиллоӣ" ба хона баргашт

Воқеъан, Диего Форлан, ҳамлагари дастаи Уругвай, бар асоси назархоҳии хабарнигорон ва ширкаткунандагони мусобиқот беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳон-2010 эътироф гашт ва бо “Тӯби тиллоӣ” мукофотонида шуд.

Нимҳимоятгари тими Олмон Томас Мюллер беҳтарин голзани мусобиқот гардид. Вай дар 6 бозӣ 5 гол задааст. Уэсли Снейдери ҳуландӣ, Давид Виляи испанӣ ва Диего Форлани уругвайӣ низ 5-голӣ задаанд. Вале аз рӯи қавоиди FIFA дар мавриди баробарии голҳои задаи муддаъиёни «Бутсии тиллоӣ» пасҳое, ки боиси голзанӣ мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешавад. Аз ин ҷиҳат Мюллер нисбати рақибонаш бартарӣ дорад. Вай се паси натиҷабахш дорад, вале Виля, Форлан ва Снейдер - яктоӣ.

Бад-ин тартиб, бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол ба поён расид. Ин бозиҳо бори нахуст дар як кишвари африқоӣ баргузор шуд.

Ҳашт кишвари қаҳрамони ҷаҳон

Бояд тазаккур дод, дар тӯли 80 сол ҳамагӣ 8 тими миллӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст. Бразил 5 бор, Итолиё 4 маротиба, Олмон се бор, Уругвай ва Аргентина 2-борӣ, Инглистон ва Фаронса якборӣ Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварда буданд. Ва ин дафъа дар Африқои Ҷанубӣ кишвари нави қаҳрамони футболи ҷаҳон маълум шуд. Испания ҳаштумин кишвари қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Ба дастаи қаҳрамон 30 миллион доллари амрикоӣ супурда шуд. Финалист – тими Ҳолланд соҳиби 24 миллион доллар гардид. Ба дастаи Олмон, ки ҷои севумро гирифт, 20 миллион доллар тақдим шуд. Дастаи Уругвай, ки дар ҷои чаҳорум қарор гирифт, бо 18 миллион доллар сарфароз гашт.

Ба дастаҳои ҷойҳои аз 5-ум то 8-умро ишғолкарда 14 миллион долларӣ ва ба тимҳои ҷойҳои аз 9-ум то 16-умро ишғолкарда 9 миллион долларӣ супурда шуд. Инчунин ба 16 дастаи дигаре, ки дар сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2010 ширкат карданд, 8 миллион долларӣ эҳдо шудааст.
XS
SM
MD
LG